Мактабҳо, ояндаи кишваранд, аммо на мактабҳои Э.Раҳмон; чун бебарнома ва беҳадафанд

Рейди хабарнигорон ба ду мактаби шаҳри Душанбе нишон дод, ки раванди таълим дар ин ду мактаб ба тавре ки мебояд ба роҳ монда нашудааст.

Борҳо шунидаем, ки Эмомалӣ Раҳмон - чӣ аз рӯи дил ва чӣ аз таҳи дил- гуфтааст ки ҷавонон ояндаи кишваранд. Гарчӣ Э.Раҳмон ба ин суханҳо эътиқод надорад ва ояндаи кишварро “сварка” карда, дар дасти Рустами (нашакаш) ё Озодаи мӯдарози кӯтоҳақл месупорад, аммо ҷавонон дар пеши ӯ пашизе арзиш надоранд ва ба тӯдае аз галлаи гӯспанд мемонанд. Ҳоло фарз мегирем, ки Э.Раҳмон ба ҷавонон бовар доранд, аммо кадом ҷавон ояндаи кишвар мешавад? ҷавоне, ки савод надорад? Ҷавоне ки аз ояндааш ноумед аст? ҷавоне ки ин ҳама зулму ситаму табъизу “тағабозӣ”-ро дида, заррае ба адолати мақомоти Тоҷикистон бовар надорад?Бешак ҷавонон ояндаи кишваранд ва дар ҳамаи кишварҳо ба ҷавонон бовар доранд ва барои ояндасоз шуданашон аз давраи пеш аз мактабӣ барояшон барномарезӣ мекунанд. Мактабҳое барояшон месозанд, ки ҷавононашон бо каллае пур аз илму маърифату арзишмандӣ берун меоянд. Яъне барои ҷавонони ояндаи кишварашон чунон мактабҳои пешрафта ва барномаҳои боарзише барномарезӣ мекунанд, ки воқеан ҷавононашон ояндаи кишвар мешаванд ва ному номуси кишварашонро дар ҷаҳон боло мебардоранд. Ҷавонони кишварҳои пешрафти дунё аз қабили ИМА, Олмон, Фаронса, Британия ва....Аммо мактабҳое ки аз мудири нолоиқе чун Э.Раҳмон улгӯ мегиранд, ҳамвора беарзишу бефоида аст. Мудире, ки ғайр аз манӯшӣ ва кайфу сафо ҳеҷ чизи дигарро намефаҳмад. Мудире, ки мардумашро ба ғуломӣ ва “Равшану Джамшут” шудан таёр мекунад. Бале, Эмомалӣ Раҳмон мудири нолоиқу бекифоят аст, ки Тоҷикистони ободу озоду ояндадорро ба торикистони зулму ҷаҳлу нодонию бебарқию камбағалию ғуломӣ табдил кард.Ҷавон аз кӯдакӣ бояд тарбият шавад ва таълиму тарбияти хуб омӯзад. Дар кӯдакӣ аз мактаб рушд меёбад ва мактаби миёна аст, ки кӯдакони дирӯзро, ҷавонони ояндасози имрӯзу фардои кишвар мегардонад. Аммо мактабҳое, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ҳамаашон бебарномагӣ, бефарҳангӣ, бесаводӣ, бешахсиятӣ ва ғуломигариро ба кӯдакон меомӯзанд. Чун Эмомалӣ Раҳмон на ба мактаб таваҷҷуҳ мекунад, на ба кӯдаку ҷавону ояндаи кишвар. Чароки барои ӯ Рустами наркоманаш президенти баъди ӯ мебошад. Ӯ як нашакашро бар ҷавонони болаёқати шоиста муқаддам медорад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, рейди хабарнигорон ба ду мактаби рақами 17 ва 35-уми шаҳри Душанбе нишон дод, ки раванди таълим дар ин ду мактаб ба тавре ки мебояд ба роҳ монда нашудааст. Хонандагон дар синфхонаҳои сард маҷбуранд бо палто бишинанд, бо гузашти 4 моҳ аз оғози соли таҳсил ин мактабҳо то ҳол ҷадвали дарсии собит надоранд. Аз ҷумла хонандагони синфи 7 дар яке аз ин ду мактаб дар рӯзи рейд чанд дарс, аз ҷумла дарси забони русиро ба сабаби набудани омӯзгор хонда натавонистаанд. Дар ҳамин рӯз ба ҷои фанни таърих ба онҳо аз физика дарс додаанд. Дар як синфи дигар ба ҷои дарси забони англисӣ ба сабаби наомадани муаллим дарси иловагӣ гузарондаанд. Санҷиши хабарнигорон ҳамчунин нишон додааст, ки шумораи зиёди хонандагон дар дарс ҳузур надоранд. Аз ҷумла дар як синф аз 25 хонанда танҳо 16 нафар дар дарс ҳузур доштанд ва касе аз масъулон намедонист, ки 9 хонандаи дигар куҷост?Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images