Кӯшишҳои Амрико барои ҷалби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳримоти молиявӣ алайҳи Русия

Ҷонишини дастёри вазири молияи ИМА пеш аз сафар ба Узбакистон бо ишора ба ҳадафи аслии ин сафар, таъкид кард, ки ҳадафи аслии ин боздид мутақоид кардани раҳбарӣ ва мақомоти молии ин кишвар барои риояти таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодия Аврупо алайҳи Русия будааст.

Як ҳайат бо роҳбарии муовини ёвари Котиби хазинадории сиёсати кӯмаки техникии ИМА Уилям Макдоналд 11 июни соли 2019 ба Узбакистон омад ва бо намояндагони Вазорати молия, Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ, Бонки марказӣ, Кумитаи андоз ва Агентии рушди бозори сармояҳои Узбакистон мулоқот кард.

Макдоналд Дар ҷараёни боздиди худ аз Узбакистон, дурнамои ҷалби мушовирони баландихтисоси хазинадории ИМА ба ин кишварро барои такмил додани дарозмуддати сиёсати фискалӣ, қарзи давлатӣ ва идоракунии сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди буҷа, таҳкими бахши бонкӣ ва мубориза бо ҷинояткории иқтисодиро баррасӣ намуд.

Манбаъ: https://communitarian.ru/news/sng-i-sssr/usiliya-ameriki-po-privlecheniyu-stran-centralnoj-azii-k-finansovym-sankciyam-protiv-rossii_27062019

general.images