Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи маҳбусони сиёсии тоҷик рӯйхати 200 нафар зиндонии сиёсиро мунташир кард

Кумитаи ҳимоят аз гаравгонон ва маҳбусони сиёсии Тоҷикистон рӯйхати маҳбусонеро нашр кард, ки дар Тоҷикистон бо парвандаҳои сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Кумитаи шаҳрвандии ҳимоят аз гаравгонон ва маҳбусони сиёсии Тоҷикистон рӯйхати маҳбусонеро нашр кард, ки дар Тоҷикистон бо парвандаҳои сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ин рӯйхат исми 200 нафарро аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов то Раҷабалӣ Комилов ва имомони маҳкумшудаи вилояти Суғд дар бар мегирад.Ин рӯйхат 200 нафарро дар бар мегирад - аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, роҳбари вақти ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар соли 2004 маҳбус шуд, ва Зайд Саидов, ки 5 сол боз дар зиндон аст, то роҳбарону фаъолони созмонҳои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва «Гуруҳи 24». Тозатарин ном дар ин рӯйхат Раҷабалӣ Комилов, бародари яке аз роҳбарони ҲНИТ Ҷаннатуллоҳи Комил аст, ки дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.Дар рӯйхат дар баробари ашхоси шинохтае, чун роҳбарони ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, адвокатҳо Бузургмеҳр Ёрову Нуриддин Маҳкамов, роҳбари қаноти ҷавонони "Гуруҳи 24” Мақсуд Иброҳимов ҳамчунин даҳҳо тан аз фаъолон ва аъзои оддии созмонҳои мухолифи ҳукумат, ду писари адвокати фақид Исҳоқ Табаров ва Бахтиёр Назаров – писари генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим низ ҳастанд.Ҳамин тавр, исми ҳудуди 20 имоми собиқ аз вилояти Суғд, ки дар ду соли охир бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротии хориҷӣ, аз ҷумла бо Ихвонулмуслимин зиндонӣ шудаанд, дар ин рӯйхати маҳбусони ақидатӣ ворид карда шудаанд.Аммо рӯзи 11 сентябр дар Варшава дар ҳошияи анҷумани солонаи САҲА Сайфуллоҳ Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфт, рӯйхати 183 маҳбус барои раҳоӣ омода шудааст ва ин рӯйхат исми аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров, яъне онҳоеро, ки дар сархатти гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун маҳбуси сиёсӣ зикр мешаванд, дар бар мегирад.Моҳи апрели соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ҳукми зиндони ду маҳбуси шинохтаи тоҷик – Маҳмадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидовроғайриқонунӣ баровард ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳардуро озод карда, ба онҳо товони хисороташонро бидиҳад.

general.images