Кумаки миллионҳо доллар куҷо меравад?

Дар инҷо саволе ба зеҳн меояд, ки бо вуҷуди ин ҳама кумакҳои бонкҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ чаро боз ҳам шоҳиди пешрафт ва беҳбуди миллат ва давлат намешавем.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар садад аст, ба идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 26 миллион доллар бидиҳад. Ин маблағ қарор аст, барои харидани вагон ва локомотивҳо сарф шавад.Ин иқдоми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳолест, ки 4 сол қабл мақомоти Русия равуои қаторҳои Тоҷикистонро ба хотири куҳнаву фарсуда будани вагонҳо ва “вазъи антисанитарӣ дар дохили он” барои як муддат қатъ карда буданд.Пас аз ин моҷаро идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон як лакоматив ва вагонҳои як қаторро нав кард. Аммо қаторҳои дигари ин ширкат умдатан боқимонда аз замони Шӯравӣ ҳастанд, ки аксаран куҳнаву фарсуда шудаанд. (гирифташуда аз Радиои Озодӣ).Дар инҷо саволе ба зеҳни мардуми тоҷик меояд, ки бо вуҷуди ин ҳама кумакҳои бонкҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ чаро боз ҳам шоҳиди пешрафт ва беҳбуди миллат ва давлат намешавем ва бади 25 сол истиқлолияти кишвар ҳануз ҳам ақибмондатарин кишвари пасошуравӣ ҳастем?Дар ВАО-и дохилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба такрор мебинем, ки вазоратхонаҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳатто худи раиси ҷумҳур ҳамеша аз набуди пӯл ва шароити бади иқтисодӣ (кризис) гиламанд ҳастанд ва халтаи гадоиро бар душ гирифта, аз кишварҳои абарқудрат ва сарватманд шуруъ карда то кишварҳои арабӣ ва исломӣ, аз ниҳодҳои динию ғайри динӣ гирифта то бонкҳои ҷаҳонӣ, корашон пул гирифтан аст, ғайр аз инҳо баландтарин андозро мардуми мазлум ва камбизоати тоҷик ба ҳукумат месупорад, аммо ҳеҷ беҳбуди ҷиддиеро шоҳид нестем.Бояд инро ҳам қайд кард, ки он сохтмон ва ё роҳҳое, ки месозанд аксаран аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва баъзан маҷбурӣ ҳастанд.Аммо бо ин ҳама маблағҳое, ки чи аз дохил ва чи аз хориҷ ба ҳукумати Тоҷикистон сарозер мешавад чаро давлати тоҷик пешрафти чашмгире намекунад ва рӯз то рӯз муҳоҷирати мардум бештару сатҳи зиндагиашон пасттар мешавад!?Ҳамаи ин саволҳоро дар як ҷумла метавон посух дод ва он инки: давлат ва ҳукумате, ки мардумашро душмани худ бидонаду бо ришваю коррупсия иқтисодашро пеш бибарад, ҳаргиз дилсузи мардум буда наметавонад ва намегузорад мардум ва давлат пешрафт кунанд. Бале дуруст аст, худи ҳукуматдорон намехоҳанд ва намегузоранд мардум ва давлат, чи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати илмӣ пешрафт кунанд, зеро агар чунин шуд, яъне мардуми бо савод ва бениёз аз иқтисод ба зарари ҳукуматҳои диктаторӣ аст.Пас маълум мешавад ин ҳама кумакҳою долларҳо дар хонаю таҳхонаҳо ва бункерҳои ҳукуматдорон нигаҳдорӣ мешаванд ва то вақте ки дар вазифа ва мансаб ҳастанд барои худ ва авлоди худ ҷамъ мекунанд!!!Хабарнигори Восток-нюз: Сафаров Абдусалом

general.images