Кристиано Роналдо ба фаластиниҳо дар моҳи Рамазон 1,5 млн $ ёрдам кард!

Кристиано Роналдо 1,5 млн $ ба фаластиниҳо дар Рамазон ёрдам кард!

Фаласатиниҳо миллате ҳастанд, ки арабанд ва дар сарзамини Фаластин зиндагӣ мекунанд. Фаластин кишваре аст, ки ҳам пайғамбарони зиёде дар он ба дунё омадаанд ва ҳам баъд аз Ислом донишмандони зиёде дар он диёр ба вуҷуд омаданд ва хидматҳое барои Ислом карданд.

Пайғамбароне чун ҳазрати Исо (а), ҳазрати Яҳё, ҳазрати Закариё, ҳазрати Сулаймон, ҳазрати Довуд, ҳазрати Яъқуб, ҳазрати Юсуф, ҳазрати Мусо (а) ва ... дар он сарзамин ба дунё омаданд ва ҳукумати ҷаҳоние ки ҳазрати Сулаймон дошт ва тамоми абру боду обу ҷину инс таҳти фармони ӯ буданд ва масҷиде ба номи Масҷидул-ақсо ё Байтул-муқаддас сохт, ки аз чанд ҳазор сол пеш то алъон вуҷуд дорад ва яке аз аҷоиби олам аст, ва ба қиблаи аввали мусулмонон маъруф аст, дар сарзамини Фаластин аст.

Миллати Фаластин фарзандони чунин пайғамбарони бузургеанд, аммо яҳудиҳо ки Қуръон онҳоро бадтарин душмани муъминон мешуморад (Моида ояти 82), бо ёрдам ва ҳимояти абарқудратони дунё (ИМА, ИА, Русия) омаданд ва фаластиниҳоро аз хонаю кошонаю кишварашон берун карданд, ва аз соли 1967 ҳамчунон то кунун дар ҳаққи ин миллати мазлум зулм мекунанд.

Ҳар рӯз ҷавонони фаластиниро зиндонӣ, шиканҷа ва шаҳид мекунанд ва рӯз то рӯз бар таҷовузҳояшон афзуда мешавад, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ хомуш аст, чароки ҳамаи абарқудратони дунё ҳимоятгари яҳудиёнанд.

Аммо дар ин миён, беҳтарин футболисти ҷаҳон, дорандаи панҷ кафши тиллоӣ – Кристиано Роналдо, имсол дар Рамазон 1,5 миллион доллар ба фаластиниҳо ёрдам кард, то ба миқдори қатрае аз уқёнус ҳам бошад, дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин саҳми худро гузошта бошад. Коре, ки ҳатто бисёре аз арабҳои миллиардер аз он маҳруманд.

Сиддиқи Акбар

general.images