Коршиноси рус роҳкорҳои мубориза бо фасод ва порагирӣ дар Тоҷикистонро нокоромад хонд

Раиси намояндагии Анҷумани байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия мӯътақид аст, тағйири равиши муҷозоти афроди ришвахор дар Тоҷикистон, роҳи ҳалли ин мушкил нахоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Спутник, ҳуқуқдон ва раиси намояндагии Анҷумани байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия мӯътақид аст, тағйири равиши муҷозоти афроди ришвахор дар Тоҷикистон аз ҷаримаи молӣ ба маҳкумият ба зиндон, роҳи ҳалли ин мушкил нахоҳад буд.Владимир Навитский гуфтааст, ин равиш хориҷ аз роҳкорҳои мубориза бо фасод ва ришвахорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.Ба гуфтаи вай, ин навъи мубориза нишон медиҳад Тоҷикистон ҳануз ҳам дар интихоби равиши решакан кардани ин падидаи иҷтимоӣ бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ аст.Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тағйири Қонуни мубориза бо фасоди молии ин кишвар, ки аз соли 2016 ришвадиҳанда ва гирандаро ҷарима мекарданд, заминаи маҳкум ба зиндон шудани ин афродро фароҳам сохт.Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони рус, аз соли 2016 афроди муттаҳам ба ришвахорӣ дар Тоҷикистон метавонистанд бо пардохти рӯзона маблағи 22 доллар ҷаримаи молӣ дар баробари ҳар рӯзи маҳкумияти худ, ба зиндон нараванд.Аммо акнун бо гузашти ду сол аз тасвиби ин қонун, мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба далели ду баробар шудани афзоиши ҷароими марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ, тарҳи ҷойгузинии зиндон ба ҷойи ҷаримаи молиро ироа карданд, ки ба тасвиб расид. Аз дидгоҳи Владимир Навитский, муҳимтарин омили мубориза бо коҳиши фасоди молӣ дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини назорати аҳзоб, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, матбуот ва расонаҳои хабарӣ бар фаъолияти идораҳо ва мақомоти ҳукуматӣ аст, ки дар Тоҷикистон ин навъи назорат мушоҳида намешавад.Ҳол онки бештари мавридҳои марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон дар идораҳои ҳукуматӣ мушоҳида мешавад, ки фаъолияти ин ниҳодҳо хориҷ аз назорати аҳзоб ва расонаҳои хабарӣ аст.

general.images