Коронавирус дар Тоҷикистон сирояти зиёд дорад, аммо мақомот рад мекунанд

Коронавирус дар Тоҷикистон чунон сирояти зиёд дорад, ки дар ҳафтаи ахир беш аз 400 нафарро ба коми марг фиристода ва беш аз ҳазор нафарро бемор кардааст, аммо мақомот монанди ҳамеша дурӯғ мегӯянд ва ҳақиқатро инкор мекунанд.

Дар бемористоне ки тамоман рафту омад ба он нест ва ҳамаи рафтуомадҳо таҳти контрол аст, бемории коронавирус чӣ тавр сироят карда бошад, ки 50 нафарро бемор кардааст?

Пас маълум мешавад, ки худи табибон ва коргарони он бемористон бемор будаанд, ки бемориашон ба беморон сироят кардааст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Ҳудуди 50 нафар беморони Маркази равонпизишкии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба бемории COVID-19 мубтало шудаанд.

Маълум нест беморони ин шифохона, ки равуо ба дохили он доим зери назорат аст, чӣ гуна ба короновирус сироят ёфтаанд. Маъмурияти бемористон ба ин беморӣ гирифтор шудани беморони руҳиро рад мекунад.

Рӯзи 3-уми июн корафтодагони Беморхонаи руҳии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бошандагони беморонхона ба короновирус сироят ёфтанд. Далели ин гуфтаҳо, сабти суҳбат бо ду духтури ин беморхона аст, ки мегӯянд, то кунун ба COVID-19 гирифтор шудани 50 нафар беморони руҳӣ ошкор шуд. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, нахостанд номашон бурда шавад.

Сиддиқи Акбар

general.images