Комроншоҳ Устопириён: Ман ҳамеша ба Худои Якто паноҳ мебарам ва аз Ӯ кӯмак мехоҳам

Устопириён дар мусоҳибааш бо Спутник таъкид кардааст, ки худро бандаи воқеии Аллоҳи Раббул-иззат медонад ва ҳамеша ба Худои Якто паноҳ бурда, аз Ӯ дархости кӯмаку ҳимоят мекунад.

Комроншоҳи Устопириён қаҳрамонмарди Тоҷикистон ва Осиё аст, ки ифтихороти зиёде ба Тоҷикистон оварда, ва борҳову борҳо номи Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ хушному баландовоза гардонда аст.Ӯ бешак як устураи варзиш ва паҳлавоне дар торихи тоҷику Тоҷикистон хоҳад шуд; чароки ӯ аввалин тоҷике аст, ки медали тиллои Осиёро ду бор аз они худ кард, ки то ба ҳол чунин ифтихоре ба ҳеҷ тоҷике дода нашудааст.Ин устураи варзишӣ худро бандаи воқеии Аллоҳи Раббул-иззат медонад ва ҳамеша ба Худои Якто паноҳ бурда, аз Ӯ дархости кӯмаку ҳимоят мекунад. Ӯ дар мусоҳибааш бо Спутник ин суханро таъкид карда, ба диндории худ ифтихор мекунад ва мегӯяд ман ҳамеша аз Худо ёрдам талаб мекунам, чӣ баранда бошам, чӣ бозанда бошам;чароки дар ҳар ҳолат Худо бо инсон аст ва инсонро дар ҳамаи ҳолатҳо ёрдам мекунад.Ӯстопириён ҳамеша қабл аз баромадан ба татами дуо ва сура хонда, вориди майдон мешавад. Ӯ ҳамеша баъд аз пирӯзӣ сараш ва дасташро ба нишонаи шукргузорӣ ба осмон бардошта зикр бар забон ҷорӣ мекунад. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, "Я (Комроншо Устопириён), как и все верующие люди, благодарю Всевышнего за победы. А после поражений молюсь, чтобы он дал мне сил и терпения. Думаю, любой человек просит помощи у Бога. И моя молитва — это состояние души, для меня это нечто больше, чем просто жест", — пояснил спортсмен Sputnik Таджикистан.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images