Кобулов: Маскав аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ДИИШ ҳимоят мекунад

Замир Кобулов, бо ишора ба афзоиши таҳдидоти террористӣ нисбат ба Осиёи Марказӣ гуфт: Маскав барои муқобила бо ҳаргуна таҳдидоти ДИИШ дар кишварҳои мазкур омодагӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Форс, Замир Кобулов, намояндаи вижаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия бо ишора ба афзоиши таҳдидоти террористӣ нисбат ба Осиёи Марказӣ гуфт: Маскав барои муқобила бо ҳаргуна таҳдидоти ДИИШ дар кишварҳои мазкур омодагӣ дорад.Вай бо ишора ба интиқоли шибҳи низомиёни ДИИШ ба Афғонистон афзуд: Ҳадафи ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон мубориза бо нерӯҳои низомии Амрико нест, балки ҳадафи онҳо вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин мақоми сиёсии рус гуфт: Таҳдидоти террористӣ барои Осиёи Марказӣ ҷиддӣ аст ва ин ба маънои ҳамлаи ДИИШ ба ин кишварҳо дар ояндаи наздик нест, аммо агар ин иттифоқ шакл гирад, мубориза бо террористҳо душвор хоҳад шуд. Кобулов тасреҳ кард: Дар ин сурат Маскав ҳамроҳ бо шарикони худ аз созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони иттиҳоди давлатҳои мустақил маҷбур ба ҷангидан бо террористҳо дар марзҳои Узбакистон ва Тоҷикистон бо Афғонистон мешавад.Ин суханони намояндаи вижаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия дар ҳоле аст, ки вазорати корҳои хориҷа ва мақомоти низомии Русия чандин бор аз интиқоли террористҳои ДИИШ аз Сурия ба Афғонистон бо чархболҳои ношинос хабар додаанд.Манбаъ: Форснюз

general.images