Князев: Давлати Тоҷикистон бо иттиҳомзанӣ ба Эрон ва ҲНИТ ба эътибори худ латма зад

Ба ақидаи коршиноси рус, талоши мақомоти Душанбе барои муттаҳам кардани ҲНИТ ва Эрон ба даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон, гӯёи саводи сиёсии ками мақомоти амниятии ин кишвар аст.

Ба гузориши Востокнюз, рӯзномаи “Независимая газета” чопи Маскав, имрӯз дар таҳлиле навишт: “Дар Тоҷикистон як ҳамлаи террористӣ рух дода, ки дар натиҷаи он гурӯҳе аз сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳоли убур аз ин кишвар бо дучарха буданд, кушта шуданд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, билофосила ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам кард, ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.”Бар асоси иддаои муштаракаи ВКД ва КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳамла тавассути афроде анҷом шуда, ки дар иртибот бо ин ҳизби исломӣ буда ва дар Эрон омӯзиш дидаанд.Александр Князев, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна ба ин рӯзнома тавзеҳ дод: “Чунин бархӯрде ба маънои он аст, ки мақомоти ВКД ва КДАМ аз саводи сиёсии зиёде бархӯрдор нестанд. Раҳбарони Тоҷикистон дар ҳоле талош карданд то фавран мухолифони сиёсии худро ба даст доштан дар ин иқдоми террористӣ муттаҳам созанд, ки мебоист ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ мекарданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, худ яке аз кишварҳои фаъол дар арсаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ аст.”Вай афзуд, зимни ин ки  “эронҳаросӣ” ва ин охирҳо низ “шиъаҳаросӣ” аз сӯи гурӯҳҳои тарафдори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба шиддат афзоиш ёфта ва ин масъала аз майлҳои сиёсии мақомоти расмии Душанбе комилан мушаххас мешавад.Ин коршиноси рус ёдовар шуд: “Дасткории иттилоот ва иттилоърасонаии нодуруст ба мардуми Тоҷикистон дар бораи масоили муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ба тасвир кашидани “душмане роҳат ва таги даст” ба эътибори мақомоти Душанбе осиби ҷиддӣ мерасонад. Ин хеле роҳат аст, ки тамомии мушкилоти иҷтимоъӣ ва иқтисодии мавҷуд дар Тоҷикистонро ба гардани душмани хоссе андохт.”Ба гуфтаи Князев, пас аз мамнӯъияти фаъолияти ҲНИТ, Арабистони Саудӣ нақши бисёр фаъоле дар ҳаёти мазҳабии мардуми Тоҷикистон пайдо карда ва аҳдофи мавриди назари худро тавассути роҳбарони Тоҷикистон ба иҷро гузоштааст.

general.images