Китоби рӯзноманигори тоҷик Султон Ҳамад дар Қазоқистон ба чоп расид

Китоби рӯзноманигори тоҷик Султон Ҳамад - «Маҳбуби дилҳо» дар бораи марҳум Сафаралӣ Иззатуллоев, собиқ яке аз сарварони Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, қисса мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Фараж, китоби рӯзноманигори тоҷик Султон Ҳамад - «Маҳбуби дилҳо» дар бораи марҳум Сафаралӣ Иззатуллоев, собиқ яке аз сарварони Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, соҳибкори муваффақ ва ҷавонмарди саховатпешаву ҳимматбаланд қисса мекунад.Китоб дар баробари зиндагиномаи ин марди накӯкор барои хонандагон қиссаҳои пандомӯзи зиёдеро аз ҳаёти шахсиятҳои гуногуни даврони мо, аз рӯзгори пурмашаққату тоқатшикани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз фаъолияти Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, нақши он дар таҳкими дӯстии байни тоҷикону қазоқон ва дигар миллату ақвоми Қазоқистон, ҳифзу таблиғи фарҳанги ниёгон дар шароити муҳоҷират ва ғайра қисса хоҳад кард. Дар сарсухан муаллиф Султон Ҳамад дар бораи Муҳаммадсафар чунин шарҳ додааст: «Ӯ на сиёсатмадоре буд, ки бо суханрониҳои оташину дипломатияи нозуки худ дар доираҳои бонуфузи дохилию байналмилалии сиёсӣ маъруфу машҳур гардида бошад. Ӯ на ситораи синамо буду на овозхони беҳамто дар саҳнаи ҳунари мусиқӣ. На варзишгаре, ки дар сабқатҳои байналмилалии сатҳи баланд бар ҳама рақибони пурқуввати худ дастболо шуда бошад. На соҳибмансабе, ки бо пиндору гуфтор ва рафтори худ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад, на шоири халқӣ, ки ашъораш вирди забонҳо бошад… Пас ӯ кӣ буд? Ӯ як тан аз ҷумлаи ҳазорҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ буд, ки бо заҳмати ҳалоли худ, бо гуфтору амалҳои хайрхоҳонаю савобҷӯёнаи хеш на танҳо номи неки худро вирди забонҳо кард, балки рӯзгори садҳо нафар инсонҳоро рангину зеботар намуд, дар киштзори қалби онҳо тухми меҳру муҳаббат, хайрандешиву накӯкорӣ, боварӣ ба фардои накӯро кишт намуд».

general.images