КДАМ, Эронхондагиҳоро барои видеогирӣ қатор мекунад!

КДАМ, Эронхондагиҳоро барои видеогирӣ қатор мекунад, то зиндонӣ ва шиканҷа шудани онҳоро дурӯғ хонанд!

Чанде пеш Муҳиддин Кабирӣ раиси ПМТ дар суханрониҳои навбатиаш ба заъфи ҳукумати Тоҷикистон хоссатан Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов ишора карда, хиёнат ва зулму бадхоҳии онон бар халқро исбот кард.

Яке аз хиёнатҳо ва зулми режими Раҳмон, зиндонӣ кардани бегуноҳон ва донишмандоне аст, ки ба хотири таҳсил дар донишгоҳи байналмилалии исломии Ҷомеатулмустафои Ҷумҳури Исломии Эрон таҳсил кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ бар беақлӣ, бераҳмӣ ва худхохию худкомагии Эмомалӣ Раҳмон ҳамин далелро кофӣ донистаат, ки ӯ ба ҷои истифода аз донишмандон дар ҷиҳати пешбурди иқтисод ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон, онҳоро зиндонӣ карда, бесаводону бефарҳангҳоро вазиру вакил қарор додааст, ки худ сабаби қашоқӣ ва беобругии Тоҷикистон шудааст, ки ҳар сол бадтар аз порсол камбизоаттару қашоқтар шуда, чанд сол аст дар қашоқию камбизоатӣ дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов, ба ҷои инки мушкилро ҳал кунанд ва барои некуаҳволӣ, барои халқ ҷои кор таъмин кунанду корхонаю фабрика созанд, чанд Эронтаҳсилкардаро бо таҳдиду шиканҷа ба зур оварда аз онҳо видое гирифта, пахш мекунанд.

Як ҳафта пеш, ду нафар бо номҳои Абдулғаффори Саттор ва Абдулҷабори Ҳаким, ки худро донишҷуи Эрон муаррифӣ карда, аз оздоию зиндон нашудану шиканҷа нашудани худ сухан гуфта, Муҳиддин Кабириро - ки гуфта буд, донишҷӯёни Эронхонда ки донишманданду босаводанд, Э.Раҳмон ба 14 солу 12 сол паси панҷараҳои зиндон фиристодааст- дурӯғ бароварда, гуфтанд ягон Эронхондагӣ дар зиндон нест ва шиканҷа намешаванд, ки яке аз онҳо мо ҳастем.

Ва ин дар ҳоле аст, ки 50 нафар Эронхондагӣ то ба ҳол боздошту шиканҷа шуданд, ки 15 нафарашон монанди Салоҳиддини Нуриддин, Саидмуроди Обид, Абдураҳими Иброҳим, Зафари Ғафур, Зафари Иброҳим, Руҳуллоҳи Қаландар, Умеди Қурбон, Абдураҳмони Холис, Муҳаммади Ғозӣ, Абдулвоҳид, Муҳиддини Карим ва... ба 12-14 сол зиндонианд!

Видеогирии Эронхондагиҳо акнун шуруъ шуд ва аз ин пас шоҳиди чандин видеоҳое хоҳем буд, ки Эронхондагиҳо умдатан бо шиори “ман дар Эрон хондам, соли 2013 ба Тоҷикистон омадам, зиндонӣ нашудам, ягон Эронхондагӣ зиндонӣ ва шиканҷа шудагӣ нест, ин дурӯғ аст, эй Муҳиддин Кабирӣ фитна наандоз, дурӯғгӯиятро бас кун, ту хоини миллатӣ...” гап зада, дар телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавад.

Сиддиқи Акбар

general.images