КДАМ-КОРХОНАИ ОДАМКУШИИ ТОҶИКИСТОН!

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо раёсати бехудотарин инсони ҶТ-Саймумин Ятим созмоне аст, ки корхонаи одамкушӣ дорад ва кораш фақат куштан аст. Ман шахсан чандин қатлшудаи ин созмонро дидаам. Ҷавононе, ки баъзеашон тамоман гуноҳе надоштанд ва танҳо гуноҳашон ин буд, ки додари масалан як инсони мухолифи ҳукумат аст.

Саймумин Ятим инсоне аст, ки тамоман ба Худо эътиқод надорад ва ҳамонтавр, ки қаблан низ бо далоили мутқан бединӣ ва илҳоди Саймумин Ятимро ба самъу назари хонандагон расондаем, дар бехудоии ӯ ҳамин далел бас, ки дар ҷанозаи модараш вақте домулло барои хондани намози ҷаноза омада буд ва иҷозаи баргузории намозро аз Саймумин Ятим ба унвони соҳиби мурда дархост кард, Саймумин Ятим дар ҷавобаш гуф, “ҳами хел барен гурш кнен, на Худоай на дин, ино ҳамаш друғай!”.

Инсоне ки бо модари худ чунин бераҳмона бархурд мекунад, инсоне, ки дину Худо ва ҳамаро дуруғ мепиндорад, чӣ инсоне аст? Оё чунин инсонеро инсон номидан зулм нест? Оё чунин шахсеро инсон номидан тавҳин ба калимаи инсон нест? Оё аз чунин инсоне кори хайру башардӯстона интизор доштан, аблаҳӣ нест?

Бинобар ин, ба шахсе чун Саймумин Ятим куштану ба қатл расондану дор задану шиканҷа кардан ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи даррандахӯҳо як кори сода ва монанди об хурдан аст. Ҳамон тавре ки мо об мехурему эҳсоси рафъи ташнгаӣ мекунем, аз об лаззат мебарем, сероб мешавем, Саймумин Ятим одам мекушад, аз куштанаш лаззат мебарад, аташаш мехобад, ташнагии хуниаш сероб мешавад!

Гарчӣ ақли инсон ҳукм мекунад, ки баъзе инсонҳо (монанди Саймумин Ятим) инсон нестанд, балки ҳайвоне дар сурати инсонанд ва ба хотири хатаре ки доранд бояд маҳбус шаванд, аммо ҳаққи шиканҷа додан тоқатфарсоро ҳеҷ касе надорад, ҳатто ба ҳайвонот. Дар рӯзи қиёмат чунин инсонеро ҳамон ҳайвони бепаноҳ низ зери лагад меандозад, чароки қиёмат дори адл аст ва адл муҳаққақ мешавад.

Гарчӣ ба гуфтаи мақомоти ҶТ Ҳусейн Абдусамадов муҷрим буд, ҳаққаш зиндон буд, на қатлу шиканҷаи тоқатфарсо. Аммо корхонаи одамкушии КДАМ бояд “доза”-и худро рӯзона дарёфт кунад ва ҳар рӯз бояд ҳадди ақал як нафар кушта шавад. Агар “доза”-и худро нагирад, Саймумин Ятимро хоб намебарад.

Абдусамадов вафот кард, гарчӣ ба гуфтаи Мансурҷон Умаров-раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ӯ ягон бемории ҷиддие надошт, худи ҳамин сухан далел бар қатл аст, аммо умедворам, ки қатл набошад; чароки хонаи зулм рӯзе на, рӯзе овор хоҳад шуд ва аҳолии худро зери овор хоҳад балъид!

Ба умеди он рӯзе, ки адолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайтара ёбад ва хонаи зулму фасоду тирабахтӣ барчида шавад!

Сиддиқи Акбар

general.images