КДАМ дар хонаҳои аҳолии Тоҷикистон ноамнӣ эҷод мекунад

Дар вилояти Хатлон мақомот бо ҳадафи хабардор шудан аз макон ва ҳузури сокинон дар Русия ва бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, бо ҳар як нафар телефонӣ ҳамсӯҳбат мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар хонаҳои аҳолии Тоҷикистон эҷоди ноамнӣ мекунадКумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки раиси он дар ҳоли ҳозир Саймумин Ятимов аст, ба мақомоти маҳаллии вилоятҳо дастур додаанд, ки хона ба хона гашта, хонаҳои мардумро кофту коб карда, онҳоро тарсонда аз ҳамаи чиз бохабар мешавед. Яъне бо ин кор КДАМ, ки ӯҳдадори таъмини амнияти аҳолӣ аст, амалан эҷоди ноамнӣ карда, дар даруни хонаҳои мардум ба баҳонаи барои огоҳӣ ёфтан аз ҳуҳзур ва шароити буду боши сокинон дар Русия даромада, худро соҳибихтиёр медонанд. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, дар вилояти Хатлон мақомот бо ҳадафи хабардор шудан аз макон ва ҳузури сокинон дар Русия ва барои ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, бо ҳар як нафар телефонӣ ҳамсӯҳбат мешаванд.Мақомот мегӯянд, ки 90 дар сади ҷавонҳои тоҷике, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Ироқу Сурия пайвастаанд, маҳз аз Русия ба он кишварҳо сафар кардаанд. Ҳоло гурӯҳи вижаи корӣ хона ба хона мегардад ва бо иҷозат ва дар ҳузури волидон бо фарзандони муҳоҷирашон сӯҳбат мекунанд. Шумораи телефонҳои онҳоро дар Русия сабт мекунанд ва месанҷанд, дар бораи шароити кору зиндагӣ, тамосҳояшон бо афрод дар кишварҳои бегонаро мепурсанд ва ба онҳо аз хатарҳои ақидаву гурӯҳҳои ифротӣ ҳушдор медиҳанд. (Озодӣ)Ҳадафи КДАМ аз ин кор эҷоди тарсу дилҳура дар дили мардуми бенаво аст.Хабаргузории Восток-Нюз:Сиддиқи АкбарМанбаъ: Озодӣ

general.images