Каҳвахонаи маъруфи "Мерве" ҳам дар Душанбе дар оташ сухт

Баъд аз зӯҳри 6-уми июн каҳвахонаи маъруфи "Мерве" воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ба коми оташ рафт.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Тоҷикисто, баъд аз зӯҳри 6-уми июн каҳвахонаи маъруфи "Мерве" воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ба коми оташ рафт. Масъулин ва мақомот мегӯянд, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса осеб надидааст. Таҳқиқи сабабҳои сӯхтор дар яке аз маъруфтарин нуқтаҳои ғизохӯрии шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст. Фарзияи аввала - расиши ноқили барқ мебошад.Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, чаҳор мошини оташхомӯшкунӣ ва ду мошини обкаш барои фурӯ нишондани сӯхтор ба маҳал омаданд.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон 6 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд оташсӯзӣ аз овезаи таблиғотии болои даромадгоҳи "Мерве" сар задааст ва дуди он то дохили толори қаҳвахона ва хонаҳои истиқоматии ин биноро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилӣ, ин овезаи таблиғотӣ бо чароғагҳо муҷаҳҳаз буд ва шояд сабаби сӯхтор ба ҳамин сабаб арзёбӣ мешавад. "Сабаби ниҳоӣ дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса боз дақиқ карда мешавад", - афзуд вай.Кормандони қаҳвахонаи "Мерве" гуфтанд, ки дохили толор ва ошхонаи қаҳвахона дар ин оташсӯзӣ осеби ҷиддие набардоштааст.Дар посух ба ин савол, ки чаро курсиҳои нишасти қаҳвахона аз субҳ дар берун ҷамъ оварда шуда буданд, ин кормандон гуфтанд, ки ҳар шом дар "Мерве" маросими ифтор баргузор мешавад ва ба манзури пазироии меҳмонони бештар, миқдоре аз курсиву мизҳо дар берун нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо сару садоҳо дар бораи таъмир шудани қаҳвахонаро бепоя дониста гуфтанд, ки дар моҳи Рамазон баргузори ҳеҷ таъмире дар нақша набуд."Мерве" як ошхонаи маъруфи туркӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва аз авоили солҳои 2000-ум дар пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунад. "Мерве" дар соли 2014 аз сӯи шаҳрдории пойтахт беҳтарин ошхона эътироф шуда буд. Ин ошхона дар яке аз маҳалла ва хиёбонҳои серодами шаҳри Душанбе ҷойгир буда ва аз макони сермуштарӣ дар пойтахт ба шумор меравад.Сӯхтор дар ин қаҳвахонаи машҳури шаҳри Душанбе дар ҳоле рух дод, ки шанбеи гузашта "Султони Кабир"-- яке аз калонтарин бозорҳои Душанбе ба коми оташ рафт. Чанд рӯз пештар аз он, дар корхонаи дӯзандагии "Суман" воқеъ дар кӯчаи ба номи Сафаралӣ Раҷабови шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада буд.

general.images