Ихроҷ ва мамнӯияти вуруди беш аз сад ҳазор қирғиз ба Русия

Ба гузориши намояндагони Хадамоти муҳоҷиратии Русия, беш аз 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон аз Федератсияи Русия ихроҷ гашта ва ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Ба гузориши намояндагони Хадамоти муҳоҷиратии Русия, беш аз 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон аз Федератсияи Русия ихроҷ гашта ва ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Гуфта мешавад, ин афрод, ба далели нақзи қавонини муҳоҷират аз ин кишвар ихроҷ шуда ва номашон дар феҳрасти сиёҳи Хадамоти муҳоҷирати Русия ворид шудааст.

Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон муддаӣ шудаанд, бо вуҷуди имзои қарордод байни руасои ҷумҳури Русия ва Қирғизистон, дар моҳи июни соли гузашта мабнӣ бар хориҷ намудани номи шаҳрвандони қирғиз аз ин феҳрист, аммо Русия тасмим гирифтааст, вуруди ин шаҳрвандонро то муддати номуайян ҳамчунон тамдид кунад.

Тибқи оморҳои расмӣ, беш аз панҷ миллион муҳоҷири кории кишварҳои Осиёи Марказӣ шомили Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар Русия иқомат доранд, ки як миллион нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд.

Лозим ба ёдоварист, чанде пеш, Хадамоти муҳоҷират аз мамнуияти вуруди беш аз 330 ҳазор нафар аз шаҳрвандон Тоҷикистон ба Русияро гузориш дода буд.

general.images