Ихроҷи бидуни далели тоҷикон аз Русия ва ҳошияҳои перомуни он

Ахиран дар расонаҳо хабаре интишор шудааст, ки тибқи он, ду тоҷики муҳоҷир гуфтаанд, ононро бидуни ҳеҷ далеле пулисҳои рус боздошт намуда ва додситонии ин кишвар низ, бидуни далеле, ҳукми ихроҷи ин ду нафар шаҳрванди тоҷикро аз қаламрави Русия содир намудааст.

Ахиран дар расонаҳо хабаре интишор шудааст, ки тибқи он, ду тоҷики муҳоҷир гуфтаанд, ононро бидуни ҳеҷ далеле пулисҳои рус боздошт намуда ва додситонии ин кишвар низ, бидуни далеле, ҳукми ихроҷи ин ду нафар шаҳрванди тоҷикро аз қаламрави Русия содир намудааст.

Яке аз ин ду нафар муҳоҷири тоҷик, Фарҳод Набиеви 21-сола ба ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, муроҷиат намуда ва гуфтааст, ки ӯ ва рафиқашро дар назди метро, дар шаҳри Маскав боздошт намудаанд.

Бо ин ки тамоми санад ва ҳуҷҷатҳои мо дуруст буданд, аммо пулис парвандаи моро ба суд ирсол намуд.

Дар идома ин шаҳрванди тоҷик гуфтааст, 5 ҳазор рубл ҷарима баста, гуфтанд, ки барои тарки Русия 5 рӯз муҳлат доред. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба суд пешниҳод кардем, вале судя чизеро дар назар нагирифт!

Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳошияҳои зиёдеро эҷод намудааст. Назари бештари корбарони интернетӣ ин буда, ки гуфтаанд, мо аз ҳукумат ва пулиси рус гилояе надорем, ҳарчанд рафторҳои ғариинсонӣ аз худ нишон додаанд ва медиҳанд, аммо гилояи мо асосан аз ҳукумат ва масъулини Тоҷикистон аст, ки наздик ба чоряк аср оддитарин мушкили мардум, ки таъмин бо ҷои кор аст, ҳанӯз роҳи ҳалли худро пайдо нанамудааст, бо ин ки ҳукумати мо ҳукумате пурмуддао буда ва дар тасвиби анвои қавонини маҳдудкунандаи зиндагии фардӣ ва иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, аз қабили мамнӯияти сафарҳои хориҷӣ, мамнӯияти издивоҷи хешовандӣ, мамнӯияти либоси дилхоҳ, мамнӯияти номгузории фарзанди худ ва... таҷрибаҳои зиёдеро касб намудаанд.

general.images