Ифтори дастаҷамъӣ дар Ӯзбакистон мамнӯъ шуд

Дар идомаи душманиҳо ва таҳрифоти аҳком ва суннатҳо ислом ва мусалмонон, инбор навбат ба Муфтиёти Ҷумҳурии Узбакистон расид ки ба нафъи ҳукумат ва ба номи дин фатво содир кунанд.

Дар идомаи душманиҳо ва таҳрифоти аҳком ва суннатҳо ислом ва мусалмонон, инбор навбат ба Муфтиёти Ҷумҳурии Узбакистон расид ки ба нафъи ҳукумат ва ба номи дин фатво содир кунанд.Пойгоҳи хабарии“Восток-Нюз”  ба нақл аз хабаргузории Паём меоварад:Тибқи хабарҳои расида бо як фатвое Муфтиёти Ҷумҳурии Узбакистон ифторро ба мусулмонони рӯзадор дар масоҷид ва тарабхонаву ресторанҳо қатъиян манъ кард. Ба гуфтаи Шайх Абдулазиз Мансур, ки аз намояндагони аршади ин ниҳод аст, тасмими мазкури муфтиёт ба сиёсати ҷории мақомоти давлатӣ дахле надошта, ба таърихи ислом бастагӣ дорад. Вай гуфт, ки дар замони пайёмбари ислом Муҳаммад (с.с) хони ифтор танҳо барои бенавоён, ҳамонҳое, ки ба хӯрдан чизе надоштанд, густарда мешуд. Акнун дар замони мо ифторҳо ба ҳадди ифрот расида, аз тантанаву хароҷоти барзиёд, ки дар дини мубини силом макрӯҳ маҳсуб аст, иборат шудааст. Ин аст, ки Муфтиёти Узбакистон аз мусалмонони таҳти қаламраваш дархост намудааст, ки ифторро танҳо дар хонаҳо бо теъдоди ангуштшумори рӯзадорон баргузор созанд. Аммо коршиносон дар он назаранд, ки мақомоти Узбакситон ҳамеша аз таҷаммӯи мусулмонон, хоса дар замони ҷашнҳои динӣ чун Рамазону Қурбон, ки ҳаводоронаш сол аз сол меафзоянд, зиёда хавф мебаранд ва ин фатвои Муфтиёт ҳам бо ишораи онҳо рӯи кор омада, ба тарсу ваҳми ниҳодҳои қудратӣ бастагӣ дорад. Дар ҳамин ҳол шайх Абдулазиз Мансур дар шарҳи фатвои Муфтиёт гуфтааст, ки дар Маккаи мунаввара барои мардуми бехонаву ҷой дастурхони ифтор меороянд. Аммо азбаки дар Узбакистон одамони бехонаву дар нестанд, дар масҷидҳо ҳам хони ифтор ниҳодан бемантиқ аст. Ба назари ин намояндаи дин, ҳамаи мусулмонон бояд дар хонаҳои худ дар ҷамъи пайвандон ба ифтор машғул шаванд.

general.images