Ифтитоҳи аввалин эстакада баъд аз ду сол сохту соз\ Содалавҳии тоҷикистониҳо ё сӯиистифодаи Э.Раҳмон аз баҳрабардории он?!

Чанд рӯз пеш дар Душанбе аввалин эсткадаи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки иддае аз чоплусон ва лаганбардорони Э.Раҳмон онро намоде аз ободонӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон шумориданд.

Чанд рӯз пеш дар Душанбе аввалин эсткадаи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки иддае аз чоплусон ва лаганбардорони Э.Раҳмон онро намоде аз ободонӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон шуморида, гӯши фалакро бо таърифу тамҷиди Э.Раҳмон кар карданд. Эмомалӣ Раҳмон бошад аз ин мавқеият сӯиистифода бурда, бар сари мардум миннат гузошта фармони шукр кунед баровардааст. Мо дар ин мақола бар онем ки мавзуи эсткадаро баррасӣ карда, натиҷаи онро тақдими хонандагон кунем.Эстакада сохтан ва барои мардум роҳ фароҳам кардан қобили тақдиру ташаккур аст, аммо президент ҳақ надорад аз он сӯиистфода кунад; чароки Аввалан, таъмини мардум ба ҷои кор ва некӯаҳволӣ вазифаи ӯ ба ҳисоб меравад ва чӣ тавре, ки мегӯянд инсон бояд вазифаашро анҷом диҳад ва дар муқобил набояд аз мардум ҳатто тақдиру ташаккур интизор шавад, чӣ расад ба миннатгузорӣ!Дуюман, ҳамин мардуманд, ки ту (Э.Раҳмон) ва оилаи шикамкалонат ҳукумат карда, пулҳои ҳангуфтро аз номи мардум ба коми оилаи худ гирифта, кайфу сафо карда, бедарди миён миллиардҳо доллар дар ҳисоби бонкиатон мерезед!Сеюман, магар сохтани як эстакада ин қадар ифтихор дорад, ки шумо онро намунаи пешрафт ҳисобида бар сари мардум миннатгузорӣ карда, шукри давлат кунед мегӯед?!. Дур намеравем ҳамин Узбакистонро рафта бинед, даҳанатон аз дидани даҳҳо эсткадаи беҳтару зеботар аз эстакадаи ту меканад!Чаҳоруман, наход як эсткада ду сол сохта шавад! Ҳамин Узбакистон дар чаҳор моҳ як эстакадаи калонтару зеботар аз эстакадаи миннатии ту (Э.Раҳмон)-ро сохта ба мардумаш дод, аммо ту монанди нодидаҳо барин як эстакадаро, ки ду сол сохта шудаастро ба мардум миннат гузошта фармони шукргузорӣ медидӣ?! Илова бар инки ин эсткадаро инжинерҳои ту не, балки чиниҳо бо пули Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сохта додаанд ҷаноби Э.Раҳмон! пули онро мардуми бечора миёнашон канда бо хуни ҷигару арақи ҷабин пардохт мекунанд, аммо ту бошад онро дар номи худ тамом карда, сӯиистифода намуда бар сари аҳолии Тоҷикистон миннат мегузорӣ?!.Мардуми Тоҷикистон мардуми шарифу софдиланд, аммо гургоне дар пусти инсон монанди Э.Раҳмон мардумро фиреб дода, дороиашонро ба яғмо мебаранд. Шарофати ин мардум аз содалавҳӣ нест, балки аз наҷобат аст. Ояд он рӯзе ки золиму хиёнаткор ба сазои аъмоли худ расад ва дудмонаш нобуд гардад! Ба умеди рӯзе ки мардум аз зери юғи ситами ситамкоре чун Э.Раҳмон, С.Ятимов, Ҳасан Саъдулло, Рустами Эмомалӣ ва дигар гургони инсонсурат озод гарданд!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азияплюс, дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони эстакадаи мазкур моҳи июли соли 2016 оғоз гардид. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст. Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян-Бейсин” –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images