Истеъдод ва тавоноии тоҷикон ҳайратовар аст, аммо бекифоятии Раҳмон онро хор гардонидааст

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тило сарфароз шуд.

Халқи тоҷик соҳиби истеъдод ва тавоноиҳои зиёданд, ки дар тӯли таърих аз худ нишон додаанд ва донишмандони зиёде ба ҷаҳони башарият тақдим кардаанд, гарчӣ имрӯз дар асари бекифоятии Э. Раҳмон беҳувияттаринанду дар ҷаҳон масхара шуда, ба ғулом табдил ёфтаанд, аммо воқеи амр ин аст, ки миллати тоҷик (форс) тамаддуни Осиёи Марказӣ ба вуҷуд оварданд ва донишмандоне чун Абӯалӣ Сино, Хоразмӣ, Бухорӣ, Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фирдавсӣ, ва ҳазорон донишманди дигаре тақдим карда аст, ки ҷаҳон ба онҳо мефахраду меболад.Ин истеъдод ва тавоноии дар замони Шӯравӣ саркӯб шуд ва дар даврони ҳукумати 25 солаи Эмомалӣ Раҳмон нобуд шуда, аз байн рафт. Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳасодат ва бахилие ки дошт, тоби тавони пешрафти аҳадеро надошт, аз ҳамин сабаб агар аҳёнан варзишгаре пайдо мешуд, ки дар ҷаҳон номдор мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар водии шаҳват ғӯтавар карда, аз варзиш дураш месохт, то дигар натавонад соҳиби номе дар ҷаҳон шавад ва номи Э.Раҳмонро таҳтушшуъои номи худ қарор диҳад.Эмомалӣ Раҳмон бо нобудии ҷои кор ва манбаи даромад коре кард, ки ҳама камбағал шаванд ва фақат дар фикри муҳоҷирати корӣ зананд. Истеъдодҳои фаровоне ки ба Русия рафта, тавоноии худро сарфи кор карданд, ки дар натиҷа потенсиали қаҳрамонӣ ва варзишие ки доштанд аз байн рафт.Қаҳрамонии Дилшод Назаров дар бозиҳои алимпики 2016 Рио, қаҳрамонии Беҳрӯзи Хоҷазода дар саккуи ҷаҳонӣ баъд аз 42 сол, қаҳрамонии Анна Муминова дар зебогӣ, ки зебосанами ҷаҳон шуд, қаҳрамонии илмии Манижаву Ёсуман дар Русия, ки ҳамаи инҳо дар зарфи чанд моҳи ахир сурат гирифт, нишон аз ин аст, ки истеъдодҳо фаровонанд, аммо мутаассифона Эмомалӣ Раҳмон фақат дар фикри нобудӣ ва решакании онҳост, на парваришу инкишофдиҳӣ.Истеъдод ва тавоноии тоҷикро донишмандони рус ҳайратовар хондаанд, аммо миллате ки соҳиб надошта бошад ва раиси ватанаш як шахси худхоҳи ҳақири пасти ноҷавонмарди майнӯши беғайрати зархариде чун Э. Раҳмон бошад, хору залил хоҳад шуд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тило сарфароз шуд. Бояд гуфт, пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 кило дар Мински Беларус ба Беҳрӯзи Хоҷазода муяссар шуд, ки медали тилоро ба даст орад. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images