Исботе бар рабуда шудани Шарофиддин Гадоев (санад)

Бо таваҷҷӯҳ ба нишон додани видеоҳои бисёр аз сӯи “фермаи ҷавоб”, ки дар ҳоли ҳозир сафаҳоти маҷозиро пур карда истодааст, далеле бар рабуда шудани Шарофиддин Гадоев, роҳбари Созмони ислоҳот ва рушти Тоҷикистон мунташир шудааст.

Ин санад иборат аст аз билети рафту баргашти Шарофиддин Гадоев аз Амстердам пойтахти Ҳолланд ба Маскав дар таърихи 13-уми феврал ва бозгашт ҳам 16-уми феврал аст.

Ҳол суол ин аст, ки агар касе қасди бозгашт ба Тоҷикистон дошта бошад наметавонад бо ҳавопаймои транзит ба Тоҷикистон биравад? Чаро бояд ҳатман парвози баргаштро ҳам харида бошад? Он ҳам таърихаш мушаххас ва ғайри қобили тағйир.

Ин санадро дар зайли матлаб мебинед.

news.tajinfo.org

general.images