Ин бор қуръа ба номи Саидмукаррам Абдулқодирзода афтодааст

Ин бор қуръа ба номи Саидмукаррам Абдулқодирзода афтодааст

 

Ин бор қуръа ба номи Саидмукаррам Абдулқодирзода афтодаастҲукумати Тоҷикистонро расм бар ин шудааст, ки барои аз майдон дур сохтани шахс ё гурӯҳе аз рақибон ва ё ҳатто мансабдороне, ки хушхидматии ҳукуматдоронро мекарда ва ҳоло дигар ба ӯ эҳтиёҷе надоранд, аз ин равиш истифода мекунад, ки парвандаи ҷиноие алайҳи ӯ ташкил медиҳанд ва сипас бароҳатӣ фаъолиятҳои ӯро маҳдуд намуда ва дасташро аз ҳама ҷо кӯтоҳ менамоянд ва ба ҳамин равол,  ба истилоҳ “мӯҳраи сӯхта”-и худро аз рада хориҷ месозанд.

Ин дафъа қуръа ба номи Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии бахтбаргаштаи Тоҷикистон афтодааст ва ё ба иборати дигар, маъмурияти ин шахс, эҳтимолан назди ҳукумат ба итмом расида ва дигар барои ҳукуматдорон мӯҳраи сӯхта мебошад ва лозимаш надоранд.

Бар асоси гузоришот, дар ошхонаи “Ҳоҷиён”, ки соҳибаш муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аст, ба миқдори зиёд қурсҳои мадҳушкунандаи мухаддир, экстазӣ кашф ва мусодира шудааст.

Дар ин бора, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 21 декабр ба гузоришгари радиои Озодӣ гуфтааст, ин бузургтарин миқдори ҳабҳои экстазӣ аст, ки дар соли 2015 дар ҳудуди Тоҷикистон кашф шудааст.

Раҳматуллоев гуфтааст, маъмурони давлатӣ бо ошкор шудани фурӯшандаи он, рӯзи ҷумъаи гузашта ӯро дар дохили ошхонаи Ҳоҷиёни бозори Саховат ҳангоми фурӯши маводди мухаддир боздошт карданд.

Бо нигоҳи мутафовит ба пушти пардаи ин қазия, чунин ба назар мерасад, ки торихи инқизои Абдулқодирзода ба сар омада ва ҳукумат пас аз мамнӯяити ҲНИТ ва мавриди боздошту таъқиб қарор гирифтани аъзоёни ин ҳизб, ки саҳми Абдулқодирзода дар ин амалиёт, аз назари омода кардани афкори умумӣ, бисёр назаррас буд, дигар ба хадамоти ӯ эҳтиёҷе надорад.

Далели ин гуфтор ин аст, ки тавре бар ҳамагон маълум аст, расонаҳо дар кишвар таҳти назари ҳукумат буда ва ҳарчи менависанд ва пахш мекунанд, ҳамоҳанг бо сиёсатҳои он аст. Ва агар ин фарзро бипазирем, ки касоне алайҳи Саидмукаррам Абдулқодирзода тавтиа намудаанд ва ё мақомоти ҳуқуқӣ ба таври оддӣ, ба вазифаашон амал намудаанд, қобили қабул нахоҳад буд, зеро бо таваҷҷӯҳ ба хадамоти содиқона ва хушхидматиҳои муфтӣ дар назди ҳукумат, ин хабар ҳам мисли ҳазорон хабарҳои дигари амсоли он, бар болояш сарпӯш гузошта мешуд ва дар расонаҳо дарз намекард, аммо аз он ҷо ки ҳақиқат хилофи ин аст, чунин метавон натиҷа гирифт, ки рисолати ин мард ба поён расида ва ҳукумат ӯро мӯҳраи сӯхтае беш намедонад.

(Таҳияи Малика Назарова)

 

general.images