Интиқоди шадиди Иттиҳоди Аврупо аз бетағйир мондани ҳукми Бузургмеҳр Ёров

Иттиҳоди Аврупо бо интиқод аз бетағйир мондани 23 сол ҳукми зиндони вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи масъулиятҳои ин кишвар дар заминаи таъмини озодиҳо ва волоияти қонун ёдовар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Намояндагии Иттиҳодия Аврупо дар Душанбе бо нашри як изҳорот, қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди бетағйир гузоштани ҳукми 23 соли зиндони вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро "ғайришаффоф" гуфтааст. Дар ин изҳороти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 3 март нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳукми додгоҳ "нақзи ҳуқуқ"-и Бузургмеҳр Ёров буда ва хилофи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қонунҳои байналмилалӣ мебошад.Дар изҳороти дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфта шудааст, онҳо "ба ғайришаффоф будани тафтишот ва нақзи ҳуқуқи Бузургмеҳр Ёров ба мурофиаи одилона эътибор медиҳанд ва он бар хилофи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қонуни байналмилалӣ аст.Дар ин изҳорот, ки бо мувофиқаи раҳбарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон пахш шудааст, ҳамчунин гуфта мешавад, "таассуфовар аст, ки қатъи назар аз қавлҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон ба намояндагони ИА барои мушоҳидаи мурофиаи мазкур иҷозат дода нашуд". Иттиҳодияи Аврупо дар ин изҳорот мақомоти Тоҷикистонро "ба риоя кардани ӯҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи таъмини озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун" даъват кардааст.Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал ҳукми худ дар нисбати вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро бетағйир гузошт. Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфт, аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастанд ва аз болои он ба додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳанд бурд.Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.Аз ин қабл созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ, даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.Дипломатҳои хориҷӣ ва ҳам созмонҳои умдаи ҳуқуқи башар, назири Human Rights Watch ва Amnesty International борҳо ба ангезаҳои сиёсии қазияи Бузургмеҳр Ёров таъкид карда гуфтаанд, ки ин шахс баъди изҳори омодагиаш ба ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 дастгир шуд. Бузургмеҳр Ёров, аъзои ҲНИТ ва даҳҳо нафари дигар – ҷамъан беш аз 200 нафар – аз соли гузашта аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ҳабси абад маҳкум шуданд.Хабаргузории Восток-Нюз: Наҷибуллоҳи Хайруллоҳ

general.images