Интиқоди шадиди ИМА аз поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз суи режими Раҳмон

Ҳукумати Амрико бо нашри гузориши тозаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон, аз шеваи ҳукуматдорӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Ҳукумати Амрико бо нашри гузориши тозаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон, аз шеваи ҳукуматдорӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон интиқод кардааст.Дар гузориши Ҳуқуқи Башар дар соли 2016 омадааст, умдатарин мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин аст, ки мардум наметавонад, ҳукуматро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона тағйир диҳад.Бадрафториву азияти боздоштшудагону зиндониён аз тарафи мақомоти интизомиву амниятӣ зиёд ба назар мерасад, таҳдид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони сиёсӣ зиёдтар мешавад ва ҳукумат фаъолияти матбуотро маҳдуд мекунад ва бо қатъи дастрасӣ ба саҳифаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мардумро аз дастрасӣ ба ахбори бетарафона маҳрум месозад.Дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башари вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин омадааст, ки бо вуҷуди чандҳизбӣ будани низоми сиёсии Тоҷикистон, ҳукумат чун дар гузашта соли 2016 монеи гуногунандешӣ шуд.Дар гузориш раъйпурсии умумӣ дар моҳи майи соли 2016 –ро ёдовар шудаанд. Дар ин раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид шуд ва аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ҳақ доданд, ба ҳайси “пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад. Дигар аз тағйироти муҳим дар Қонуни асосӣ манъи фаъолияти ҳизбҳои динӣ дар Тоҷикистон буд.Гузориши солонаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон ҳар сол моҳи март нашр мешавад

general.images