Интиқоди ’’Ню Йорк Таймс’’ аз Амрико барои ҳамкории низомӣ бо кишварҳои худкома аз ҷумла Тоҷикистон

Нашрияи ’’Ню Йорк Таймс’’ ҳукумати ин кишварро танқид кардааст, ки зимни ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои худкома, аз ҷумла Тоҷикистон масоили ҳуқуқи башарро нодида мегирад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Ню Йорк Таймс як нашрияи мӯътабари амрикоӣ ҳукумати ин кишварро танқид кардааст, ки зимни ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои худкома, аз ҷумла Тоҷикистон масоили ҳуқуқи башарро нодида мегирад.  Дар як мақолае дар бораи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайваст, муаллифи мақола гуфтааст, Амрико барои мубориза бо терроризм ба Тоҷикистон кӯмак карда ва аз ҷумла афсаронаш ба мисли Гулмурод Ҳалимовро тамрини низомӣ додааст.

Худи Гулмурод Ҳалимов баъди пайвастан ба гурӯҳи Давлати исломӣ дар видеои тарғиботиаш гуфта буд, ки дар Амрико омӯзиш гирифтааст ва таҳдид кард, ки рӯзе бо силоҳаш бармегардад ва ба сокинони Амрикоро «дар хонаҳояшон қатл мекунад.»

Стив Свердлов, муҳаққиқи умури Осиёи Марказӣ, ба “Ню Йорк Таймс” гуфтааст, “Артиши Амрико ба ҳукуматҳои саркӯбгари Осиёи Марказӣ тамрину таҷриба медиҳад. Ва дар ҳамкориҳои низомӣ риояти ҳуқуқи инсон бояд як шарт бошад.”

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ва ё нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва сипас дар як видеои тарғиботи пайдо шуд ва гуфт, ки ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст.

Чанде пеш расонаҳои арабӣ гуфтанд, ки ӯ як фармондеҳи баландрутбаи гурӯҳи Давлати исломӣ таъйин шудааст, вале худи гурӯҳ дар ин бора эълоне надодааст. 

general.images