Интиқоди коршиноси тоҷик аз мадҳҳои иғроқомиз ва ифротӣ дар бораи Раҳмон

Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, аз Дастгоҳи иҷроияи президент хост, пеши роҳи маддоҳоне, ки дар тавсифи Раҳмон муболиғаву иғроқро ба ҳадди ифрот расондаанд, гирад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Фараж, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар як навиштаи худ аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хост, пеши роҳи маддоҳоне, ки дар тавсифи шахси якуми давлат муболиғаву иғроқро ба ҳадди ифрот расондаанд, гирад.Ин фаъоли ҷомеа дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки на ҳама мадҳия меҳрнома аст: “Яқин ки Президент Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам аст. Шахсияти баргузидаву таърихӣ, фарзонаест хоксору мардумӣ. Табиатан васфу ситоишро хуш надорад, эҳтиёҷ ҳам. Изҳори нигаронии зиёиёни воқеан ҳам фарҳехтаву меҳанпараст, ки Ҷаноби Олиро натанҳо бо сухан, балки сидқану қалбан дӯст доштаву арҷ мегузоранд дар он аст, ки теъдоди маддоҳоне, ки муболиғаро дар ҳадди ифрот расонидаанд хеле зиёд шудан дорад. Шеъру достону асарҳои зиёде иншо шудаанду боз бархе дар навбати нашранд, албатта меҳрномаҳои адибони саршиноси миллат истисност. Мадҳиясароёни мазкур ба қавли худашон гӯё бо ин роҳ садоқаташонро ба Роҳбари Давлат ифода мекунанд. Бешак, ин ашхос машғули “хизмати хирсона”- анду мусалламан ба обрӯйи Сарвар обрӯ замм намекунад. Баракс, забони бадхоҳону мухолифонашро бозу эътибори роҳбарро мекоҳонанд. Пешниҳод доштам Дастгоҳи иҷроияи Президент нашри чунин осорро таҳти назорат гирифта, ба интишорот ва нашрияҳои давлатию хусусӣ дастур бидиҳад, то бе иҷозат аз интишорашон худдорӣ намоянд.Ба қавли Саъдӣ:Ситоишгароён на ёри туянд,Маломаткунон дӯстдори туянд”.

general.images