Интиқоди Афи Байналмилал аз маҳдудияти озодиҳо ва саркуби мухолифин дар Тоҷикистон

Ин созмон дар робита ба Тоҷикистон низ хушбин нест ва мегӯяд, ки соли 2016 бо саркуби намояндагони мухолифин аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ва маҳдудтар шудани озодиҳо дар хотир боқӣ мемонад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, созмони Афи Байналмилалӣ мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2016 солҳо боз ба ин андоза бад набуд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон баъди омузиш ва барраси авзо дар 159 давлат ба ин натиҷа расиданд.Ин созмон дар робита ба Тоҷикистон низ хушбин нест ва мегӯяд, ки соли 2016 бо саркуби намояндагони мухолифин аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ва маҳдудтар шудани озодиҳо дар хотир боқӣ мемонад. Дабири кулли ин созмон Салил Шетти гуфт, ки ҷаҳон шоҳиди тафриқа дар ҷоемаҳо шуд ва қишрҳои заъфпазир, ба мисли паноҳандагон ба истилоҳ "барраи қурбонӣ" шуданд.Ба сурати умум, муаллифони гузориш афзоиши сиёсати хашмгиниро дар саросари ҷаҳон шоҳид буданд. Соли 2016 соле буд, ки дар он алфози бадбинона, мисли "мо ва онҳо", лафзи иттиҳом, нафрат ва ҳарос ба авҷе расид, ки аз соли 1930 намуна надошт.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images