Имзои 10 ёддошти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳинд ва ваъдаи кӯмаки 20 миллион доларӣ ба Тоҷикистон

Зимни сафари раисҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон “10 санади нави ҳамкорӣ” имзо шуд ва Ҳинд ваъдаи кӯмаки $20 миллионӣ ба Тоҷикистон дод.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, Зимни сафари раисҷумҳури Ҳинд Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон “10 санади нави ҳамкорӣ” имзо шуд ва Ҳинд ваъдаи кӯмаки $20 миллионӣ ба Тоҷикистон дод.Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Ҳинд Шри Рам Натҳ Ковинд, ки дирӯз вориди Тоҷикистон шуда буд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайатҳои васеъи ҳарду ҷониб ширкат карданд, ки дар натиҷа 10 ёддошти тафоҳум имзо гардид. “Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем” — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳури Ҳинд ваъда дод кишвараш барои рушди соҳаҳое, ки ду кишвар дар он ҳамкорӣ мекунанд, 20 миллион кӯмаки бебозгашт хоҳад кард. Ёддоштҳое, ки дар натиҷаи мулоқоти васеъи ҷонибҳо имзо шуданд:— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқотҳои соҳаи кишоварзӣ;— Ёддошти тафоҳум байни Муасссисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Шӯрои Марказии Тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнанӣ Ташкилоти мустақили назди Вазорати Аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Тибби Юнанӣ;— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;— Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.Ёддошти тафоҳум чист?Ёддошти тафоҳум баёнгар тавофуқи дуҷониба ё чандҷониба миёни тарафҳо аст. Ин навъ санад барои баёни ҳамгароии иродаҳои тарафайн ва тавофуқи мақомоти иҷроии 2 кишвар ба манзури афзоиши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷорат, фаннӣ ва дигар маворид ба кор меравад. Ёддошти тафоҳум бештар дар мавридҳое истифода мешавад, ки тарафайн қасди эҷоди тааҳҳудоти ҳуқуқиро надоранд ё дар мавқеияте нестанд, ки битавонанд тааҳҳуди ҳуқуқие эҷод намоянд, ки иҷрояш зарурист ва сирфан мехоҳанд санадеро, ки ба имзо расондаанд, барномарезӣ барои музокироти оянда бошад ё наҳваи иҷрои як тавофуқи дигарро мушаххас мекунад. Дар дунёи ҳуқуқ ин санад аз расмияти камтаре бархӯрдор аст ва иҷрои он ҳатмӣ нест.

general.images