ИМА, ҳукумати Тоҷикистонро ҳукумати душмани дин номид

Чӣ тавре дар урфияти Тоҷикистон мегӯянд: “як гови шикамдард як подаро шикамдард мекунад”, Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов ки сарвари бединони Тоҷикистонанд, ба хотири инҳо ҳамаи Тоҷикистонро бедину зидди дин мешиносанд.

Чанд соли пайопай аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо саркардагии Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати бединон, мулҳидон ва душманони сарсахти дин ба шумор омада, тавассути кишварҳои ИА ва ИМА Тоҷикистонро ба феҳрести бадтарин помолкунандаи ҳуқуқи динӣ ворид мекунад.

Чӣ тавре дар урфияти Тоҷикистон мегӯянд: “як гови шикамдард як подаро шикамдард мекунад”, Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов ки сарвари бединони Тоҷикистонанд, ба хотири инҳо ҳамаи Тоҷикистонро бедину зидди дин мешиносанд.

Дар инки Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов душмани ашаддии Исломи азизанд, ҳеҷ шакку шубҳае нест ва амалкарди чанд соли ахири ин палидон, мизони душмании онон ба дин ва бединии ононро ба роҳатӣ исбот мекунад. Масалан, бастани ҳазорон “ХОНАИ ХУДО” ва масоҷид, ки ҳатто яҳудиҳо аз ин кор ҳарос доранд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим дар бастани он ё табдили он ба тарабхонаю рақсхона ҳатто як зарра ҳам ибо надоранд. Ҳамин кор, худаш далолат бар ин дорад, ки ин палидҳо то чӣ қадар ваҳшӣ ва хабисанд, ки аз Худо наметарсанд ва алайҳи Худо бо бастани масоҷид, манъи азону намозу Қуръон ва .... ба ҷанг бархостаанд.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Дар гузориши солонаи созмон,ки рӯзи 29-уми апрел нашр шуд, ба вазорати умури хориҷии Амрико тавсия додаанд, ки ...Тоҷикистон ба феҳрасти “кишварҳои бахусус нигаронкунанда” шомил намояд. Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистону Судон ва Вйетнам бо баҳонаи таъмини “тартиботи ҷамъиятӣ” ва “амнияти миллӣ” озодиҳои диниро маҳдуд мекунанд. Дигар ин ки мақомот хатарҳои воқеӣ ва пиндорӣ аз терроризмро истифода бурда, “мардумони худро рӯирост таъқиб мекунанд.”

Манбаъ: Озодӣ

https://www.ozodi.org/a/tajikistan-religious-rights-asia-us-comission/29910920.html

Сиддиқи Акбар

general.images