Иллати хомӯшии як рӯзаи “фермаи ҷавоб” чӣ буд?

Дар рӯзи 20-уми феврал коргурӯҳи бузурги “Фабрикаи ҷавоб”, ки рӯзона даҳҳо пост нашр мекунад ва ҳазорон шарҳ менависад, комилан хомӯш буд. Гӯё фармон гирифта буданд, ки имрӯз касе ҳақ надорад шарҳнависӣ кунад, ё рӯзи истироҳаташон буд. Ё маҷлиси умумии солона доштанд.

Аммо хомӯшии саросарии онҳо, ё рӯзи истироҳат барои кулли тим то дирӯз ба мушоҳида нарасида буд. Пас далели инро ҷои дигар мебояд ҷуст. Баъзе аз мухолифин, ки хомӯшии фабрикаро мушоҳида карданд, навиштанд, ки нашри навори қабл аз сафари Шарофиддин Гадоев мақомотро шокӣ кард ва онҳо ҳарфе барои гуфтан надоранд. Аммо таҷриба нишон додааст, фабрика баръакс дар чунин ҳолатҳо фармони “фас”-и дастаҷамъӣ мегирад. То шабакаҳоро бо ҳар гуна партовҳо пур созад ва диққати мардумро аз хабари асосӣ канор барад.

Барои ёфтани сабаби ин хомӯшӣ, бояд ба ҳаводисе диққат дод, ки дирӯз дар Тоҷикистон иттифоқ афтоданд. Пеш аз ҳама ба ҳодисаҳое, ки ба фаъолияти фабрика дахли мустақим дорад. Ба назари мо ин ҳодиса вохӯрии раисҷумҳур бо рӯзноманигорони васоити давлатии ахбори омма буд.

Таҳлили фаъолияти “Фабрикаи ҷавоб” ё ба ибораи дар ин авохир мӯдшуда “Фермаи ҷавоб” ва расонаҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки инҳо аз як марказ идора мешаванд ва бо ҳам ҳамкории зиче доранд. Бештари матолиби расонаҳои давлатиро, ки алайҳи мухолифин аст, фабрика бознашр ва таблиғ мекунад ва дар навбати худ, қисме аз “эҷодиёт”-и фабрикаро расонаҳои давлатӣ дар саҳифаҳаояшон ҷой медиҳанд.

Баъзе иттилоъҳо аз манобеъи гуногун ба хулосае мебарад, ки дар фабрика на танҳо ҷавонони камсаводу беадабро ҷамъоварӣ кардаанд, балки чанд журналисти варзида шам онҷо даст ба кор аст ва раҳбариашро ҳам рӯзноманигори маъруфе ба дӯш дорад.

Дар вохӯрии дирӯза ба ҷузъ чеҳраҳои шиноси рӯзноманигорони фаъол, даҳҳо чеҳраи нав дида мешуд, ки баъзеашон аслан аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, ки дар вохӯрӣ ҳузур дошт, онҷо ҷавононе дида мешуданд, ки дар ҳеҷ расонаи давлатӣ кор намекунанд.

Таҳлилгарон фабрикаро тарҳи якҷояи КДАМ ва ВКД медонанд ва ба ин назаранд, ки бинобар марокизи таҳлилӣ надоштани ин ду ниҳод, фабрикаро ба ҳамон хирсе дар афсонаи маъруф табдил додааст, ки деҳқон барои посбонии хобаш муваззаф карда буд. Аммо тибқи маълумоте, ки Паём дорад, як чунин ниҳоде ҳанӯз соли 2016 дар назди дастгоҳи раисҷумҳур таъсис дода шуда, 60 нафарро ба кор гирифта буданд. Тибқи иттилоъи сомонаи “Ахбор” ин гурӯҳ дар бинои Хадамоти алоқа фаъолият мекунад ва бо кмопютерҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.

Роҳ ёфтани фаъолон ва ё ҳатто тамоми “гурӯҳи кории” фабрика ба вохӯрии раисҷумҳур ҳам гувоҳи ин аст, ки “Фабрикаи ҷавоб” пружаи КДАМ, ВКД ё ниҳоди дигаре набуда, мустақиман бо ташаббуси ҳукумат ва ҳатто шахси аввали он таъсис дода шудааст.

payom.net

general.images