Изҳорот аз номи ҷавонони Бадахшон алайҳи муроҷиати ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз номи ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиати раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба додгоҳи байналмилалӣ маҳкум кардааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз номи ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиати раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба додгоҳи байналмилалӣ маҳкум кардааст. Тибқи ин баёния, ки аз номи ҷавонони Бадахшон дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нашр шудаст, ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷудоиандозии солҳои аввали истиқлолият мутаҳҳам шудаст. Дар изҳорот бо ишора ба муроҷиатномаи ахири ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ, омадааст: “Соҳибони собиқи ин ҳизб имрӯз паси шонаҳои бегонагон-хоҷагони хориҷӣ сангар гирифта, ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд. Онҳо сиёсати имрӯзаи кишварро ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ хонда, бо изҳори баёнияе хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳи байналмилалӣ шудаанд. Ба ақидаи онҳо фазои ваҳшатноке дар ҷомеа ҳукмфармо гардидааст, ки барои амалӣ гаштани тарҳу ниятҳои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо монеа эҷод менамояд”.Дар идомаи изҳорот таъкид гардидааст, ки ки инҳо ҳамон хоинону нотавонбиноне беш нестанд, ки зери ниқоби ислом ва демократия сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи кишвари моро ғайриодилона мехонанд. Муаллифони баёния афзудаанд, ки ҲНИТ бо даъвоҳои беасоси худ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар чашми мардуми Аврупо ноадолатона ва риёкорона муаррифӣ мекунад.Изҳоротдиҳандагон дар охир таъкид кардаанд, мардуми огоҳи Тоҷикистон зери роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз намегузорад, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум такрор шавад, зеро гуфтаанд: “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”. 

general.images