Идомаи фишорҳои режими Рамҳон ба занони сатрпуш ва мазлуми тоҷик

Манбаъи дигаре, ки аз коркунони ҳукумат аст ва қаблан ҳам динситезии ҳукуматдоронро гуфта буд, боз дар робита бо сатри занон мегуяд, мансабдорони мо то ҷое бедин шудаанд, ки дар кучаҳо вақте занони бо сатро мебинанд асабонӣ шуда ба зердастонашон мегуянд чаро дар кучаҳо сатрдорон зиёд шуда аст, бояд пеши роҳашонро гиред ва нагузоред, ки озодона рафту омад дошта бошанд.

Манбаъи хабарии Восток-Нюз,  иттилоъ доданд, ки фишорҳои пай дар пай ва хушунатомези командони ВКД ва КДАМ болои занон ва модарони тоҷик ҳамчунон  идома дорад. Дар ин фасли сармо ва хунукӣ, ки мардуми деҳот танқисии бебарқиро мекашанд ва сокинони  шаҳр бо  гарон будани пули барқ ба сахтӣ афтодаанд, вале мутаассифона бо вуҷуди ин ҳама мушкилот  мардони  мусулмон дар ташвиши сатри занону модаронашон ҳастанд.  Дар тӯли рӯз, ки аз пушти кору  даромади зиндагӣ мераванд ҳамеша дар ташвишанд, ки мабодо касе ба хонаҳояшон омада зану фарзандонашонро ба баҳонаи сатру ҳиҷоб кардан батарсонанд.    Дар мусоҳибае, ки бо яке аз занҳои сокини душанбе  доштем эшон мегуяд: “шароити зиндагӣ даркишвари худамон  барои мо заноно ва модарони тоҷик, ки ба қонунҳои илоҳӣ пойбандем хело сахт шуда аст. Чанд муддате пеш дар кучаю бозор ё дар дигар маҳалҳои кориямон ба хотири сатриу ҳиҷоби исломӣ мавриди бозпурсии кормандони ҳукумат қарор мегирифтем, аммо ҳозир бошад дар хонаҳоямон ҳам  амният надорем.  Ба таври ногаҳонӣ чанд нафар аз ВКД ё КДАМ бе иҷозат дохили хона шуда хонаро тафтиш мекунанд  вақте ки аз хона чизҳои ғайри қонунӣ пайдо намекунанд мегуянд чаро сатр мекунед, сатру ҳиҷоб нишонаи терористҳо ва касоне ҳаст, ки мухолифи давлат мебошанд. Дар ҷавоби суханони онҳо мегуем мо на аъзои ҲНИТ ҳастем на мухолифи давлат, балки фақат як шаҳрванди мусулмон ва оддии ин кишвар мебошем.”Ҳамчунин дар мусоҳибаи дигаре бо марде, ки сокини Душанбе буд доштем эшон мегуяд “чандин бор дар куча вақте ки занам барои харид ба бозорчаи назди хона мерафт коркунони КДАМ ва ВКД ӯро ба хотири сатраш манъ карда ва ба баҳонаи фаҳмондадеҳӣ мегуянд: сатратро аз сарат бардор. Ҳоло бошад муддате аст, ки оилаам аз тарси коркунони ҳукумат, ки сатрашро аз сараш нагиранд  ҳатто  ба бозори назди хонаамон намеравад. Дар ҳоли ҳозир мушкилоти иқтисодӣ ва даромади зиндагӣ, ки  бароям хело сахт аст ва аз саҳари рӯз то шаб такси кор мекунам, ки ба хона дасти холи наравам, аммо  бо вуҷуди ин ҳама танқисиҳо  рузҳои охир зану фарзандонам дар хонаамон амният надоранд гоҳу ногоҳ  коркунони милиса ва амният бе ягон асос омада хонаро тафтиш мекунанд ва маҳз ба хотири сатр доштани зан  ва духтарам ва озорамон медиҳанд. Ба ҳамин хотир дар фикри ин шудам, ки ҳамроҳи зану фарзандонам ба хориҷ аз Тоҷикистон равам то зиндагии осуда ва бо оромише дошта бошем”.Манбаъи дигаре, ки аз коркунони ҳукумат аст ва қаблан ҳам динситезии ҳукуматдоронро гуфта буд, боз  дар робита бо сатри занон мегуяд мансабдорони мо то ҷое бедин шудаанд, ки дар кучаҳо вақте занони  бо сатру ҳиҷобро мебинанд асабонӣ шуда ба зердастонашон мегуянд чаро дар кучаҳо сатрдорон зиёд шуда аст бояд пеши роҳашонро гиред ва нагузоред, ки озодона рафту омад дошта бошанд. Вале бояд мардуми мо аз ҳаққи худашон дифоъ намуда  ва дар асоси қонун ҳаққашонро талаб кунанд танҳо роҳи наҷот аз режими диктатории  Раҳмон ин аст, ки дар муқобили  зулм муқовимат кунем. Дар гузашта ҳам ҳокимони золим ба эътиқодоти мардум эҳтиром намегузоштанд ва нисбати диндорон сахтгириҳо мешуд, аммо онҳо бо муқовиматашон  ҳокимони золимро нобуд кардаанд. Ин як масалаи ба исботрасида аст, ки  вақте ки умри як ҳукумати золим ба поён расидан гирад монанди сагони девона мардумро озору азият мекунанд,  ба боварҳои мардум эҳтиром намегузоранд, ба иззати нафаси мардум мерасанд ва ин рафтори золимонаашон  сабаб мешавад,  ки аз саҳнаи рӯзгор  маҳв шуда дар  партовгоҳи  тарих  қарор  гирад.Муҳаммади Шарифӣ: хабарнигори Восток-Нюз

general.images