Идомаи музокираи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон барои воридоти барқ

Вазорати иқтисоди Қирғизистон аз идомаи музокираи масъулони энержии ин кишвар бо Қазоқистон ва Тоҷикистон барои воридоти барқ хабар дод.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон аз идомаи музокираи масъулони энержии ин кишвар бо Қазоқистон ва Тоҷикистон барои воридоти барқ хабар дод.Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз "СА-нюс", намояндаи Вазорати иқтисоди Қирғизистон имрӯз дар Камиссиюни сиёсати арзӣ, об ва тавсеаи минтақаӣ дар порлумони ин кишвар эълом кард, масъалаи воридоти барқ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳоли баррасӣ аст ва умед аст ки ин мавзӯъ дар ояндаи наздик ҳал шавад.Бар асоси ин гузориш, қарор аст натиҷаи ниҳоии ин музокирот дар моҳи апрел эълом шавад.Пеш аз ин Ойбек Колиев, раиси ширкати давлатии барқи Қирғизистон аз эъломи натиҷаи музокирот дар порлумони ин кишвар, дар бораи хариди барқ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон то поёни феврал хабар дода буд.Намояндагони порлумони Қирғизистон аз давлати Бишкек хостаанд то барои коҳиши қимати ҳар киловат соат барқи воридотӣ, бо тарафҳои тоҷик ва қазоқ музокира кунад.Ба гуфтаи раиси ширкати давлатии барқи Қирғизистон, ин кишвар дар соли 2015 барои ҳар киловат соат барқи воридотӣ аз Тоҷикистон 2,5 сент пардохт мекард, аммо имсол мақомоти ширкати давлатии "Барқи тоҷик" пардохти 3,2 сентро пешниҳод кардаанд.Қирғизистон дар соли ҷории милодӣ ба 650 миллион киловат соат барқи воридотӣ ниёз дорад, ки бояд онро аз Тоҷикистон ва Қазоқистон харидорӣ кунад.Қирғизистон дар соли 2015 аз Тоҷикистон 600 миллион киловат соат барқ харида буд.

general.images