Иддаоҳои созмонҳои байналмилалӣ, беасос, аммо дархостҳои кӯмак пай дар пай

Мақомоти Тоҷикистон даъвоҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро беасос хонда, ғаразнок мехонанд, аммо барои тарма ва дигар ҳодисаҳо ба созмонҳои байламилалӣ даст дароз карда, талбангадӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Омбудсмени тоҷик, Ализода имрӯз, 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар мавриди иддаои созмонҳои байналмилалӣ, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шудааст гуфт бештари чунин иддаоҳо беасосанд. Мақомоти Тоҷикистон даъвоҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро беасос хонда, ғаразнок мехонанд, аммо барои тарма ва дигар ҳодисаҳо ба созмонҳои байламилалӣ даст дароз карда, талбангадӣ мекунанд. Даъвоҳои созмонҳои байналмилалӣ беасос, аммо кӯмакҳояшон асоснок аст, ки шабу рӯз режими Раҳмон ғайр аз дархости кӯмак аз созмонҳои байналмилалӣ кори дигаре надоранд. Дархости кӯмак аз созмонҳои байналмилалӣ нишонаи ниёзи режими Раҳмон ба онҳо аст, ки далел бар он хоҳа буд, ки даъвоҳояшон низ дурусту асоснок аст.Манбаъ: Озодагон

general.images