Иддаои расонаи Урдун: Абӯбакр Ал-бағдодӣ зиндааст ва дар муҳосира қарор дорад

Манобеъи хабарии Урдун иддао карданд, ки Абӯбакр Ал-бағдодӣ ва панҷ тан аз вазирони халофати худхондаи ДИИШ дар Дираз-зури Сурия муҳосира шуданд.

Ба гузориши Форс, сарнавишти Абӯбакр Ал-бағдодӣ халифаи худхондаи ДИИШ ҳамчунон дар ҳолае аз ибҳом аст ва хабарҳои зидду нақизе дар ин иртибот мунташир мешавад. Дар ҳамин иртибот, хабаргузории давлатии Урдун “Бетра” рӯзи шанбе ба нақл аз як манбаъи амниятии Ироқ муддаӣ шуд, ки Абӯбакр Ал-бағдодӣ саркардаи гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ ва панҷ нафар аз вазирони халофати худхондаи он дар наздикии марзҳои Ироқу Сурия таҳти муҳосира қарор доранд. Манбаъи амниятии Ироқ афзуд: “Афроди ДИИШ дар охирин пойгоҳи он дар Сурия дар як минтақаи кӯчак дар Дираз-зур таҳти муҳосира ҳастанд, ки масоҳати он ҳудуи 7 километри аст.” Вай изҳор дошт, ки нерӯҳои ироқӣ дар ростои муқобила бо нуфузи террористҳо, ҳаргуна таҳаввулотеро дар манотиқи марзии худ бо Сурия расад мекунанд. Халофати худхондаи ДИИШ дар Ироқу Сурия беш аз як сол аст, ки барчида шудааст ва ҳамакнун таҳмондаҳои ин гурӯҳи террористӣ дар минтақаи Ал-боғуз (шарқи Сурия) дар масоҳате камтар аз ду километр муҳосира шудаанд. Давлати Ироқ тайи наздик ба як соли гузашта, бо иҷозати давлати Сурия, ҳар моҳ ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи афроди боқимондаи ДИИШ дар соҳили шарқии Фурот анҷом дода ва муваффақ шудааст бо ин кор аз нуфузи ин афрод ба дохили марзҳои худ пешгирӣ кунад.

www.farsnews.com

general.images