Зуҳуров: Барои қочоқ бояд гумрукчиён масъулият дошта бошанд

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки дар тағйирот афзоиши ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканӣ дар бахшҳои андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ шудааст.«Доимо афзудани ҳаҷми ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани андоз ё қочоқи молу маҳсулот роҳи ҳалли мушкилот нест ва чунин тадбирҳо метавонанд ба муҳити соҳибкорӣ дар кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ пешниҳод дорам, ки баррасии ин масъала ба таъхир гузошта шавад, - гуфт Ш.Зуҳуров. - Минбаъд онҳо дар ҳузури роҳбарони мақомоти надоз ва гумрук баррасӣ мешаванд ва бигзор онҳо пешниҳодҳои худро асоснок кунанд».Ӯ аз он ошуфтагӣ изҳор намуд, ки барои қочоқи молу маҳсулот на гумрукчиён, ки «ба қочоқбарон дарҳоро боз мекунанд», балки соҳибкорон бори масъулият мекашанд.Вакилон пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро дастгирӣ карданд.

general.images