Зуҳури гурӯҳи сиёсии ҷадид - “Ҳизби Тоҷикистони воҳид”

Ахиран, як гурӯҳи сиёсии навзуҳур дар арсаи сиёсати Тоҷикистон аз вуҷуди худ дарак доданд. Ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо номи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” эъломи вуҷуд кардаанд.

Ахиран, як гурӯҳи сиёсии навзуҳур дар арсаи сиёсати Тоҷикистон аз вуҷуди худ дарак доданд. Ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо номи “Ҳизби Тоҷикистони воҳид” эъломи вуҷуд кардаанд.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳ, ки худро ҳизби сиёсӣ муаррифӣ намудаанд, муташаккил аз даҳ нафар ҷавонони тоҷик буда ва аҳдофи ин гурӯҳи навташкил, комилан ҳамсӯ бо сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ҳанӯз аъзои ин гурӯҳ номҳои худ ва раҳбарашонро ошкор нанамудаанд. Вале ба гуфтаи худашон даҳ нафар аз ҷавонони тоҷик, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар бо ҳадафи ягона даври ҳам ҷамъ омадаанд.

Ин гурӯҳ аз ин ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат, ки ба интиқод аз сиёсатҳо ва аъмоли ҳукумат пардохтаанд, норозианд.

Ба назари ин ҳизби навташкили сиёсӣ, мунозиоти оппозисиюн ва давлати Тоҷикистон дигар аз оштӣ гузаштааст ва акнун сӯҳбат намудан дар бораи оштӣ ва канор омадани ин ду фоидае надорад. Бинобар ин аъзоёни ин гурӯҳ вазифаи аслии худро дар ошкор намудани маоюби оппозисиюн ва мухолифони давлати Тоҷикистон мебинанд.

Бо ин ҳол, бархе аз сиёсатшиносон дар мавриди зуҳури ин ҳизби сиёсӣ ва дигар ҳаракатҳои ахир дар Тоҷикистон, мисли “Ҷавонони фаъол” ва ғайра, гуфтаанд, ин гурӯҳҳо бо дастгирӣ ва фармоиши мақомоти Тоҷикистон таъсис мешаванд ва бинобар ҳамин аст, ки дар муҳите, ки ҳар навъ тазоҳурот ва ҳаракати сиёсӣ шадидан ҷилавгирӣ мешавад, ин тавр озодона амал менамоянд ва ба фаъолиятҳои худ мепардозанд

general.images