Зоиров: ҲСДТ тағйирот ба Сарқонунро намепазирад

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши як изҳорот тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро напазируфта, эълон кардааст, аз фиристодани аъзояш ба ҳайати комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ худдорӣ варзида, дар кори он иштирок намекунад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши як изҳорот тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро напазируфта, эълон кардааст, аз фиристодани аъзояш ба ҳайати комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ худдорӣ варзида, дар кори он иштирок намекунад.Дар ин изҳорот, ки бо имзои Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти давлатӣ дархост мешавад, комиссияҳо оид ба ташкил ва баргузории ҳамапурсиро бидуни аъзои ҲСДТ таъсис диҳанд.Раҳматулло Зоиров гуфтааст, бо вуҷуди ин ки Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994 дар як шароити давомдори ҷанги шаҳрвандӣ пазируфта шуд, тағйиру иловаҳои ворида дар солҳои 1999 ва 2003 ба он, моҳиятан зарфиятҳои демократиро коҳиш дод. “Тағйиру иловаҳои ҳозир низ бо тамоми пайомадҳои баъдияшон зарфиятҳои демократиро бештар коҳиш медиҳанд”,- омадааст дар изҳорот. Раиси ҲСДТ аз шеваи баргузории ҳамапурсӣ интиқод намуда, гуфтааст, “бар асоси қарори раиси Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргаҳои раъй танҳо як суол: “Оё шумо тағйиру иловаҳои ворида ба Сарқонунро мепазиред?”, пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳоле ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои ворида ба Қонуни асосии амалкунандаи кишвар, ки аз ҷониби ҳар ду палалати парлумон омода гардидааст, аз 41 банд иборат мебошад. Ин дараҷаи баланди ғайридемократӣ буда, иштибоҳоти қаблан содиршударо такрор кардан аст”.Дар изҳороти ҲСДТ бо ёдоварӣ аз побанд будани ҳизб ба адолати иҷтимоӣ зикр мешавад, ки ин ҳизб дар соли 2003 ҳам мухолифи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ва бештар тартиби раъйдиҳӣ, ки мисли имрӯз ба тамоми тағйироти ворида як суол: “оё шумо тағйиру иловаҳои ворида ба Сарқонунро мепазиред?”, дошт, буд: “Дар марҳилаи ҳозир, бо таваҷҷуҳ ба ин ки тамоми пешниҳодти ҲСДТ аз ҷониби давлат рад карда мешаванд ва роҳбарияти он бештар аз 10 сол аст, ки ба ҳеч гуна чорабиниҳои умумидавлатӣ ва ҳукуматӣ даъват намешаванд, ҳуқуқ ва раъйи интихобкунандаҳои ҲСДТ дар интихоботҳо нақз ва таҳриф мешаванд, аъзои ҲСДТ-ро дар мақомот ва ташкилоти давлатӣ ба кор намегиранд ва намояндаҳои ҲСДТ аз замони таъсиси ҳизб на дар Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва комиссияҳои дигар нестанд, изҳор медорам, ки ҲСДТ дар кори комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ иштирок намекунад ва аъзои худро ба ҳайати ин комиссия шомил намесозад. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, комиссияи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии 22 майро бидуни аъзои ҲСДТ таъсис диҳанд”.22 январи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро ҷонибдорӣ намуда, онро ба додгоҳи Қонуни асосӣ фиристод. Додгоҳи Қонуни асосӣ тағйироти пешниҳодкардаи парлумонро ҷонибдорӣ карда, афзуд, тағйироте, ки ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, хилофи меъёрҳои Сарқонун нестанд.Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи баргузории ҳамапурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро дар ҷаласаи рӯзи 10 феврали худ -- 22 майи соли 2016 таъин кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 10 феврал изҳори боварӣ кард, мардуми кишвар дар рӯзи таъиншуда ба ҷонибдорӣ аз ин тағйирот раъй хоҳанд дод, чун ин тағйирот санҷидашуда мебошанд ва ба ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳрвандон равона гардидаанд.Тибқи тағйироти пешниҳодшуда, мафҳуми Сарқонун аз номи Конситутсия гирифта хоҳад шуд, чун ба гуфтаи муаллифон калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад. Ҳамчунин пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”. Дар баробари ин, синни номзадҳо ба президентӣ аз 35 соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад ва мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишвар мамнӯъ мегардад. 

general.images