Зоиров: Ҳамапурсии ахир муғойири Қонуни Асосии Тоҷикистон аст

Баъд аз Ҳамапурсииахири ки дар тоҷикистон баргузор шуд базе аз коршиносон ин Ҳамапурсиро муғойир ба Қонуни АсосииТоҷикистон хонданд.

  Баъд аз  Ҳамапурсииахири ки дар тоҷикистон баргузор шуд базе аз коршиносон ин Ҳамапурсиро  муғойир ба Қонуни АсосииТоҷикистон хонданд.Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамапурсии ахир барои тағйири Қонуни Асосиро муғойир ба Қонуни Асосии Тоҷикистон донист.Раҳматилло Зоиров, ки ҳизбаш ҳамапурсии ахири тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистонро таҳрим карда буд, дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, ки ҲСДТ дар моҳи феврал эълом карда буд, дар ин ҳамапурсӣ ширкат нахоҳад кард, зеро аз нигоҳи ин ҳизб, ин ҳамапурсӣ ҳеҷ нафъе барои шаҳрвандони Тоҷикистон надорад.Зоиров таъкид кард, ҳамапурсии баргузоршуда муғойир ба Қонуни Асосии Тоҷикистон аст ва моҳияти сохтори сиёсии низоми ҷумҳуриро дар ин кишвар зери савол мебарад. Ӯ афзуд, эъломи баргузор шудани ҳамапурсӣ дар соати 14, ба вақти маҳаллӣ аз сӯйи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нишон дод, ки шаҳрвандон дар ин барнома ҳеҷ нақшу саҳме надоштанд ва ин нуктаро на танҳо масъулини Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва нухбагон, балки шаҳрвандони маъмулии ин кишвар низ дарк мекунанд. Ӯ гуфт, аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин сабаб дар ҳамапурсии намоишӣ ширкат накарданд, ки дар ин кишвар имкони ибрози иродаи шаҳрвандон вуҷуд надорад.Раиси ҲСДТ таъкид кард, аз 20 то 25 банди Қонуни Асосии ин кишвар ниёз ба тағйиру ислоҳ дорад, аммо ҳеҷ яке аз ин маворид дар ҳамапурсии ахир мадди назар набуд ва баръакси он бандҳое, ки ниёз ба ислоҳ надошт, барои тағйир  ба ҳамапурсӣ гузошта шуд.

general.images