Зоиров: “Мухолифи тағйир дар Сарқонуни Тоҷикистон ҳастам”

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст: Мухолифи ҳар гуна тағйир дар Қонуни асосии кишвар ҳастам.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст: Мухолифи ҳар гуна тағйир дар Қонуни асосии кишвар ҳастам.

Раҳматулло Зоиров аз Комиссияи марказии интихобот хостааст, то номи Ҳизби сотсиал-демократро дар раъйдиҳии ин қонун ворид накунанд.

Ба қавли Зоиров, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун "зарфиятҳои демократиро дар кишвар коҳиш хоҳад дод". Раиси ҲСДТ афзуд, "ин чӣ гуна референдум аст, ки ба 41 масъалаи гуногун як суол гузошта шудааст: “ҳа” ё “не”. Азбаски чунин шакли масъалагузорӣ ғайридемократӣ аст, мо намехоҳем дар ҳавзаҳои интихоботӣ шомил шавем ва бо КМИРТ ҳамкорӣ кунем".

Бар асоси гузориши Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, барои ин раъйпурсӣ, 68 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ фаъол хоҳад шуд, аммо дар хориҷ аз кишвар ҳавзаи интихоботие фаъол намебошад ва фақат дар бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон, сандуқҳои раъйпурсӣ гузошта мешавад.

Вокуниши раиси Ҳизби сотсиал демократ дар ҳолест, ки намояндагони парлумон таърихи 22-майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсии умумӣ, барои баррасии таъйиди тағйиру ислоҳи Қонуни асосӣ эълон кардаанд.

Кумиссяи марказии интихобот гуфтааст, аз 7 ҳизби сиёсӣ, танҳо Ҳизби сотсиал демократ аз ҳузури аъзояш дар ҳайати кумиссияи омодагӣ барои баргузории раъйпурсӣ худдорӣ кардааст.

Аз ҷумлаи муҳимтарин мафодди тағйири Сарқонун, ки ба тасвиби Додгоҳи олии Тоҷикистон расид, коҳиши синни номзади раёсати ҷумҳурӣ аз 35 сол ба 30 сол ва ҳамчунин адами маҳдудияти ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои миллат дар интихоботҳои ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвар хоҳад буд.

 

general.images