Зинда бод муқовимати шуҷоъона ва мардонагии далеронаи қаҳрамонони муқовимати Тоҷикистон!

Тоҷикистон фарзандоне дорад, ки алайҳи зулму ситами ҷинояткор ва лаккаи нанги таърихи Тоҷикистон; яъне Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятим ва пайравонашон, мардона муқовимат мекунанд ва иззатмандонаю сарбаландона бо оғуши боз иззатро бар зиллат тарҷеҳ медиҳанд ва ҷони ширинро дар роҳи Худо, Ислом ва мубориза алайҳи зулму золиму душмани Ислом дареғ намедоранд.

Ҳаққо ки чунин мардоне шоистаи пайравӣ ва сармашқ гирифтананд, ки Қуръони Маҷид низ чунин афродеро ситоиш карда, онро сармашқи дигарон қарор дода саросар аз онон таърифу тамҷид менамояд. Хушо ба ҳоли ононе ки мавриди таърифу тамҷиди Қуръони Шариф қарор гирифтанд ва мардона дар роҳи Худо муқовимат карданд ва сарбаландона ҷонро бо муомила ба ҷонофарин таслим карданд ва биҳишти Ризвони абадиро манзилгоҳи хеш қарор доданд!

Бидуни шак беҳтарин зиндагӣ, зиндагии ибодат, ва беҳтарин марг марги шаҳодат аст, ки Қуръон ҳардуи инро зикр карда мефармояд:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

“Ман ҷин ва инсро халқ накардам, магар барои ибодат” (сураи Зориёт, ояти 56).

وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّـهِ أَمْوَاتًا ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ عِندَ رَ‌بِّهِمْ يُرْ‌زَقُونَ

“Ва касонеро ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндоред, балки онҳо зиндаанд дар назди Парвардигорашон ризқ дода мешаванд ва хурсанданд, ки ин неъматро Худованд барои онҳо арзонӣ дошта....” (сураи Оли-Имрон, ояти 169).

Муқовимати шуҷоъона ва мардонагии далерона калимае аст, ки Қуръон онро наҷотбахши башар медонад ва инсони муъминро даъват мекунад, ки чунин бошанд ва муқовимат дар роҳи Худоро сарлавҳаи зиндагии хеш қарор диҳанд; чароки биҳишт башораташон аст ва малоика ҳамроҳашон. Аллоҳи Раббул-иззат дар ояти шарифа мефармояд:

إِنَّ الَّذِينَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا تَتَنَزَّلُ عَلَيْهِمُ الْمَلَائِكَةُ أَلَّا تَخَافُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَبْشِرُوا بِالْجَنَّةِ الَّتِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ

“Ҳамоно касоне ки гуфтанд, рабби мо Аллоҳ аст, сипас истиқомат ва муқовимат карданд, малоика бар онҳо нозил мешавад ва ба онҳо мегӯяд, натарсед ва ғамгин набошед, башорат бод бар шумо ҷаннате ки арзониатон бод!” (сураи Фуссилат, ояти 30).

Бинобар ин, муқовимат як асли қуръоние аст, ки соҳиби он биҳиштӣ аст. Муқовимат яъне дар муқобили зулму ситами ситамгарон ва золимони хунхор истодагӣ кардан ва имону дини худро нигоҳ доштан ва то охирин нафас алайҳи зулм ҷангидан, ва иззати бандагию инсониро бар зиллати бардагию ҳайвонӣ тарҷеҳ додан, ҳатто агар мунҷар ба таҳдид ё кушта шудан шавад!

Парчамдори ҷунбиши муқовимат дар Тоҷикистон касоне буда ва ҳастанд, ки то охирин нафас алайҳи золим ҷангиданд ё меҷанганд, ки баъзе аз онҳо дар ин роҳ шарбати гуворои шаҳодат нушиданд ва баъзеи дигарашон дар интизори шарбати шаҳодатанд!

Яке аз касоне ки дар роҳи ҷанг алайҳи зулму ситами ситамгаре чун Эмомалӣ Раҳмон то охирин нафас ҷангиданд ва ҳаргиз таслим нашуданд, шаҳидони тозасафаркардаи моҳи Рамазон шаҳид Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва шаҳид Махсуми Абдусаттор буд, ки дар камоли иззату ифтихор бо беҳтарин марг дар беҳтарин моҳи Худо; яъне моҳи мубораки Рамазон ба дасти режими ғосиби нобакори Раҳмон ба қатл расиданд ва раҳсипори биҳишти Ризвон гаштанд.

Бидуни шак ин парчамдорони муқовимат, ҳамон қаҳрамононе ҳастанд, ки ҳар озодихоҳу озодае аз онҳо пайравӣ карда, зиндагии онҳоро сарлавҳаи зиндагӣ ва марги худ қарор медиҳад ва талош мекунад, ки дар зиндагиаш монанди қаҳрамононаш бошад, то ба саодату озодӣ расад ва хонаи худ обод гардонад!

Саломи Худо бар шаҳидон, саломи Худо бар озодибахшон, рӯзе ки ба шаҳодат расиданд ва рӯзе ки зинда барангехта хоҳанд шуд ва дар маҳшар алайҳи зулму ситами золиме чун Э.Раҳмон ва С.Ятим бо хуни худ шаҳодат хоҳанд дод ва хонаи золимро хоҳанд сӯзонд!.

Сиддиқи Акбар

general.images