Зилзилаи шадид дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон

Зилзилае ба қудрати ҳудуди 7 риштер бахше аз кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндро ларзонд.

Зилзилае ба қудрати ҳудуди 7 риштер бахше аз кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндро ларзонд. ба нақл аз манобеи мухталифи хабарӣ, ин заминларзаи 6,8 риштерӣ соати 14:57 –и зуҳри имрӯз ба вақти Кобул, дар шимоли Афғонистон ба вуқуъ пайваст, аммо дар Тоҷикистон, Покистон ва Ҳинд ҳам эҳсос шуд.Масъулони Пажӯҳишгоҳи геофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистонон ҳам иттилоъ доданд, ки маркази ин зилзила дар 300 километрии ҷануб-шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон будааст. Ба иттилои ин манбаъ, шиддати зилзила дар Душабе 4-дараҷа, дар Хуҷанд 3 дараҷаро ташкил додааст.Ҳамчунин маркази ларзанигории байналмилалии Амрико (USGS) маркази ин заминларзаро дар минтақаи Ишкошими вилояти Бадахшон, дар шимоли шарқи Афғонистон ва дар умқи ҳудуди 210 километрӣ аз сатҳи замин эълом кард.Кӯҳи Ҳиндукуш дар ҷануби вилояти Бадахшони Афғонистон аз марокизи аслии зилзила дар чанд соли гузашта будааст.Ҳанӯз аз мизони хисороти ин заминларза хабаре мунташир нашудааст.

general.images