Зиддияти Э. Раҳмон бо озодии андеша ва хабарнигорони мустақил

Сиддиқ Акбар мӯътақид аст, соҳибмансабони Тоҷикистон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон бо озодии андеша ва баён,− ки хабарнигорон онро дар ҷомеа аз тариқи сайт, рӯзнома, маҷалла, радио, телевизион ва ғайра пахш мекунанд− зид буда, дастур медиҳанд дар ҳамин росто сомонаҳо баста шуда, дастрасӣ ба иттиллот маҳдуд шавад ва сомонаҳо ҳаққи пахш кардани матлабро надошта бошанд, баҷуз сомонае ки сухангӯи давлат; яъне «ХОВАР» бошад.

Сиддиқ Акбар мӯътақид аст, соҳибмансабони Тоҷикистон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон бо озодии андеша ва баён,− ки хабарнигорон онро дар ҷомеа аз тариқи сайт, рӯзнома, маҷалла, радио, телевизион ва ғайра пахш мекунанд− зид буда, дастур медиҳанд дар ҳамин росто сомонаҳо баста шуда, дастрасӣ ба иттиллот маҳдуд шавад ва сомонаҳо ҳаққи пахш кардани матлабро надошта бошанд, баҷуз сомонае ки сухангӯи давлат; яъне «ХОВАР» бошад.Хуршед Атовулло, Шӯрои ВАО дар шаҳри Душанбе рӯзи душанбе, 30, 05,2016 дар доираи вохӯрии омодагии даҳум оид ба андозагирии инсон, аз ҷониби дафтари САҲА дар Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, оиди зиддияти соҳибмансабон бо озодии баён ва хабарнигорони мустақил гуфт: “Яке дигар аз мушкилоти расонаҳо, дастрасии маҳдуд ба иттилоот ва бастани сомонаҳо мебошад. "Фармони президентро дар ҳамин масъала метавон ба унвони мисол зикр кард». –(Азия−Плюс).Хуршед Атовулло қайд кард, ки тибқи рейтинги «Хабарнигорони бидуни марз», Тоҷикистон ҷои 150−ум аз 180 ҷоро ишғол кард ва дар давоми як соли 33 зина поён фаромада аст."Вазорати фарҳанг ба таври ғайриқонунӣ ба воситаҳои ахбори омма ҳушдор медиҳад. Масалан, ба «Азия-Плюс» ихторномае дод, ки дар он қайд шудааст, гӯё ин сомона матолибе пахш мекардааст, ки характери террористӣ доранд ва терроризмро таблиғ мекунад. Таҳлили мутахассисони «Хабарнигорони бидуни марз» нишон дод, ки дар ин мақолаҳо ягон фикри терроризм нест ва нома барои он пахш шуда аст, ки хабарнигорони мустақил тарсонида шаванд" – гуфт Хуршед Атовулло ва афзуд, ки қонунгузории Тоҷикистон ҳар гуна сензураро манъ мекунад.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Вазорати фарҳанг ВАО−ро ба муддати шаш моҳ ё як сол сабт мекунад, ки ин худ низ метавонад ба унвони фишор ба ВАО  талаққӣ шавад. Ҳамчунин, ба назари ӯ, яке дигар аз мушкилоти расонаҳо, дастрасии маҳдуд ба иттилоот ва бастани сомонаҳо мебошад. "Фармони президентро дар ҳамин масъала метавон ба унвони мисол зикр кар. Фармон аз ин қарор аст: ҳамаи матолиб ва хабарҳои хабарнигорон аввал бояд ба сайти расмии Агентии Миллии Иттилоотии Точикистон «Ховар» дода шавад, ва пас аз он ки Ховар онро таъйид карда, пахш кард,  ба бақияи хабарнигорони мустақил дода шавад. Инчунин бастани сайтҳои монанди Фейсбук, Одноклассники, Твиттер дар кишварамон Тоҷикистон»− гуфт ӯ.манбаъ: Азия−Плюстаҳия Сиддиқ Акбар 

general.images