Замони марзбандӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон фаро расида

Дар Душанбе ин иттифоқро ба фоли нек гирифта ва мегӯянд, ки бо гуфтумон бисёре аз ихтилофоти қадимии ду кишвар ба поён мерасад. Имрӯз тарафайн масоили марбут ба Водии Фарғона байни ду кишварро ҳаллу фасл мекунанд. Аммо дар воқеъ Душанбе ва Бишкек метавонанд ба натоиҷи мусбате даст пайдо кунанд?

Дар Тоҷикистон суханоне роҷеъ ба кам шудани теъдоди даргириҳо дар марзҳои ин кишвар бо Қирғизистон ба гӯш мерасад.

Дар Душанбе ин иттифоқро ба фоли нек гирифта ва мегӯянд, ки бо гуфтумон бисёре аз ихтилофоти қадимии ду кишвар ба поён мерасад. Имрӯз тарафайн масоили марбут ба Водии Фарғона байни ду кишварро ҳаллу фасл мекунанд. Аммо дар воқеъ Душанбе ва Бишкек метавонанд ба натоиҷи мусбате даст пайдо кунанд?

Ҳалим Фасҳуддинов хабарнигори радиои Спутник дар Душанбе ба тафсири ин хабар мепардозад. Вай мегӯяд: "Марзҳои ду кишвар ба таври расмӣ дар ҳудуди 970 километр аст. 519 километр аз марзҳо ҷойи ихтилоф надорад. Аз замони шурӯи кори кумиссиюни муштараки ду кишвар дар соли 2002, бар сари манотиқи воқеъ дар тӯли Боткан дар Қирғизистон ва минтақаи Суғд дар Тоҷикистон баҳсу гуфтугӯҳо идома доранд. Ин мубоҳисот ва мунозирот ба роҳатӣ поён мепазиранд. Дар бархе нуқоти маскунӣ, хонаҳои мардум шабеҳи ба шатранҷ аст". Неъмат Мирсаидов сиёсатшиноси тоҷик ва коршиноси масоили марзӣ дар Осиёи Марказӣ, бо ишора ба ин мавзӯъ мегӯяд: "Қирғизҳо ва тоҷикҳо дар бисёре аз нуқот, канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҳатто дар бархе нуқот қирғизҳо ва тоҷикҳо дар як нуқта, аммо дар хиёбонҳои муҷовир зиндагӣ мекунанд. Наметавон марзи мушаххасе байни онҳо кашид".

Ин коршинос мегӯяд, гуфтугӯҳо ҳавли минтақаи мавриди ихтилоф дар ду ҷумҳурӣ, аз давраи Шӯравӣ боқӣ мондааст. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва замоне, ки соли 1924 ҷумҳуриҳо марзҳои худро мушаххас мекарданд, бархе аз усули аломатгузории марзиро риоят накарданд. Дар он замон гурӯҳҳои қавмӣ ва вобастагиҳоро дар назар нагирифтанд. Ҳатто масъалаи вобастагии қирғизҳо ва ё тоҷикҳоро мавриди таваҷҷӯҳ қарор надоданд. Дар ниҳоят кумисиюн иҷоза дод, ки марзҳо бо печу хам мушаххас шаванд. Тамоми ин масоил дар замони Шӯравӣ беаҳамият буданд. Дар он замон, заминҳо аз як даст ба дасти дигар вогузор мешуданд ва тавофуқ байни мудирони таовуниҳо кифоят мекард. Аммо имрӯз тарафайн дар сатҳи ҳукуматҳо бо ҳам ихтилоф пайдо кардаанд ва наметавонанд мушкилро ҳал кунанд. Дар ҷараёни музокирот низ бар нақшаи солҳои мухталиф истинод мекунанд.

Неъмат Мирсаидов мегӯяд: "Як тараф нақшаҳои солҳо пешро меоварад ва тарафи дигар нақшаи солҳои ҷадидро рӯи миз мегузорад. Ба ҳамин хотир масъала печидатар мешавад. Мардуме, ки баъд аз касби истиқлоли ҷумҳурӣ дар ин минтақа сокин шуданд, шурӯъ ба мубориза бар сари замин карданд ва мушкили тақсими об пеш омад. Шароит печида аст".

Баҳсҳо бар сари манобеи табиии ду кишвар маъмулан ба заду хурд байни сокинини минтақа меанҷомад. Тибқи омори расмӣ, тайи муддати се сол, дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, 78 маврид даргирӣ рух додааст. Имсол ба қадре танишҳо боло гирифт, ки дар арзи як сол 9 маврид даргирии ҷиддӣ ба сабт расидааст. Аммо ҳатто вуқуи як маврид даргирӣ ҳам метавонад бар гуфтугӯҳо хатти бутлон бикашад.

Саламат Аламанов раиси анҷумани ҷуғрофиёии Қирғизистон ва узви ҳозир дар музокироти мутааддид бар сари марзҳои ду кишвар мегӯяд: "Дар ҳар маврид аҳ даргириҳо садҳо нафар ҷамъ мешаванд. Ҳатто дар ҷашнҳо ин теъдод ҳузур надоранд, аммо барои низоу даргирӣ ҳозиранд. Бархе афрод низ дигаронро таҳрик мекунанд. Ман ба созмонҳои дахлдор пешниҳод мекунам, ки ин афродро пайдо кунанд. Бояд онҳоро аз реша барканд то ин мардум, ки қарнҳо бо ҳам зиндагӣ ва кишоварзӣ кардаанд алайҳи ҳам таҳрик накунанд."

Ба эътиқоди коршиносон, яке аз далоили музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марзҳо тағйири мудирони кумисиюни муштарак аст.

Саламат Аламанов мегӯяд: "Дар кишварҳои мо муд шудааст, ки ҳар шаш моҳ якбор роҳбарони ҳайъатҳои музокиракунандаро иваз кунанд. Ин роҳбарон фурсат намекунанд масъаларо ба таври амиқ баррасӣ кунанд. Дар арзи шаш моҳ чӣ кор метавон кард? Вақте шахсе бар сари мизи музокира нишаста ва фақат коғазҳоро варақ мезанад, балки бояд битавонад сӯҳбат кунад. Бояд аз ҳама матолиби мавҷуд беҳтарини онҳоро интихоб карда ва ба ҳамсоя пешниҳод кунад. Қабл аз шурӯи музокирот бар сари марзҳо, дар муддати ду сол созу корро омода мекунанд. Теъдоди зиёде санад омода мешавад ва мавзӯоти музокираро мушаххас мекунанд. Ҳоло ин меканизм мутаваққиф шудааст".

Мақомоти расмии Бишкек ва Душанбе чандин маротиба дар бораи зарурати таъйини марзҳо сӯҳбат кардаанд. Тарафайн итминон доранд, ки ин кор аз танишҳо дар манотиқи марзӣ хоҳад кост.

Коршиносони ғайри давлатӣ чанд шева барои марзбандӣ мушаххас кардаанд. Бархе аз коршиносон ба давлатҳо пешнишод мекунанд, ки бояд масъалаи табодули манотиқро тарҳ намуд ва бархе дигар ба эҷоди минтақаи озоди иқтисодӣ дар манотиқи мавриди ихтилоф ишора мекунанд. Пешнишодот ғайримаъмул ҳастанд. Ба унвони мисол, мегӯянд, ки беҳтар аст хаткашӣ ва марзбандӣ анҷом шавад ва афроди сокинро ба дохили кишварҳои худ кӯч диҳанд. Имсол Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳатто натавонистанд рӯи як сантиметр ҳам тавофуқ кунанд ва музокирот дар соли оянда низ идома хоҳад дошт.

(Таҳияи Ҳамиди Разавӣ)

 

general.images