Задухӯрд дар марз як куштаву ду захмӣ бар ҷой гузошт

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз як задухӯрди маргбор дар марз бо Афғонистон хабар медиҳад.

Задухӯрд дар марз як куштаву ду захмӣ бар ҷой гузоштСарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз як задухӯрди маргбор дар марз бо Афғонистон хабар медиҳад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, соати 23:20-и чоршанбеи 9 март дар асоси маълумоти фаврӣ наряди сарҳадӣ бо гуруҳи фаврии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро пешгирӣ карданд. Ба иттилои ӯ, “ҳангоми гузаронидани амалиёт, гуруҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, ки байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд”. Ҷаноби Улуғхоҷаев мегӯяд, дар пайи ин муқовимат як қочоқчии афғон кушта ва ду нафари дигар захмӣ мешаванд: “Афроди боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд”. Сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон афзуд, муайян шудааст, ки қочоқчиён сокинони Ҳазрати Бӯстон ва Лоламайдони дарқади вилояти Таҳори Афғонистон мебошанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 50 кило маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК-қутраш 12 мм бо 1 тирдон ва тирҳояш истеҳсоли хориҷи мусодира шудааст.Ин задухӯрд дар ҳолест, ки бино ба иттилои расмӣ ҳафтаи гузашта қочоқбарони мусаллаҳи афғон аз минтақаи Хоруғ то Панҷ 4 бор қасди марзшиканӣ кардаанд. Ба иттилои манбаи “Озодагон” дар Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ, субҳи 5 март дар амалиёт алайҳи гуруҳи 9 нафарии Мирафзал валади Арбоб Шерафзал, ки дар минтақаи Панҷ қасди марзшиканӣ дошт, Суҳроб Сафолов, марзбони 23-солаи тоҷик ҳалок гардид: “Зимни амалиёт мулло Фасҳиддин валади Қурбон, узви гуруҳи мусаллаҳ ба ҳалокат расида, узви дигарашон маҷруҳ шуд”. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки 7 март амалиёт алайҳи ин гуруҳи марзшикан дар ҷангалзорҳои наздимарзии минтақаи сарҳадии Панҷ идома ёфт ва 2 узви гуруҳ боздошт шуд.Дар баробари ин манбаи “Озодагон” дар мақомоти марзбонӣ иттилоъ дод, ки ду ҳолати марзшиканӣ дар минтақаи сарҳадии Хоруғ ба қайд гирифта шуд, ки яке бо фирор ва дигаре бо марги як марзшикан анҷом ёфт: “Шаби 2 ба 3 март дар ноҳияи Рӯшон миёни марзбонҳо ва марзшиканон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзшикан нобуд гардида, шариконаш фирор карданд. Аз ҷои ҳодиса силоҳ ва маводи мухаддир дарёфт шуд”. Ҳодисаи чорум дар минтақаи сарҳадии Шӯрообод сабт гардидааст, ки он ҳам бо фирори марзшиканҳо ва дарёфти 37 кило маводи мухаддир аз ҷои ҳодиса анҷом ёфтааст. 

general.images