Д. Назараов дар суҳбати баъди пирӯзӣ дар Ҷоми IAAF тамоман аз Э.Раҳмон ёд накард

Дилшод Назаров варзишгари маъруфи тоҷик, дар суҳбати баъди пирӯзиаш дар Ҷоми IAAF тамоман аз Эмомалӣ Раҳмон ва табрики рӯзи истиқолият сухан ба миён наоварда аст.

Дилшод Назаров варзишгари маъруфи тоҷик, ки ифтихорофариниҳои зиёде ба вуҷуд оварда парчами Тоҷикистонро дар ҷаҳон чандин бор ба иҳтизоз даровардааст, дар суҳбати баъди пирӯзиаш дар Ҷоми IAAF тамоман аз Эмомалӣ Раҳмон ва табрики рӯзи истиқолият сухан ба миён наоварда аст. Иқдоми Дилшод Назаров нишон медиҳад, ки аз рангу рӯи Э.Раҳмон безор аст ва намехоҳад аз ӯ таърифу тамҷид кунад, гарчӣ мақомоти Тоҷикистон варзишгарони маъруф ва қаҳрамони Тоҷикистонро ҳамеша маҷбур мекунанд, ки аз Э.Раҳмон таърифу тамҷид кунанд.Дилшод Назаров дар Ҷоми IAAF ки 9 сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, ҷойи аввалро ба даст овард. Ӯ баъд аз пирӯзӣ суҳбате анҷом дод, ки пирӯзиашро шарҳ дод. Ӯ гуфт: "Бо ду сабаб бисёр мехостам, ки дар ин мусобиқа ғолиб оям. Пеш аз ҳама мехостам барои тими Осиё-Уқёнус холҳои бештар гираму мақомашро боло барам. Дуюм дар бозиҳои Осиё — 2018 ҳунарнамоии хуб накардам ва дар ин мусобиқа бояд ба ҷаҳониён исбот мекардам, ки он як тасодуфу адами тайёрии кофӣ, ё худ "форма" буд", — иттилоъ додааст пойгоҳи хабарии IAAF аз қавли Назаров. (Спутник)Мо низ ба навбати худ пирӯзии ин қаҳрамони номовари тоҷикро табрику таҳният арз намуда пирӯзии бештареро барои ӯ орзумандем.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар пайи пирӯзӣ дар Ҷоми байниқитъавии Ассосиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) гуфт, бо ду сабаб бисёр мехост, ки дар ин мусобиқа ғолиб ояд. "Бо ду сабаб бисёр мехостам, ки дар ин мусобиқа ғолиб оям. Пеш аз ҳама мехостам барои тими Осиё-Уқёнус холҳои бештар гираму мақомашро боло барам. Дуюм дар бозиҳои Осиё — 2018 ҳунарнамоии хуб накардам ва дар ин мусобиқа бояд ба ҷаҳониён исбот мекардам, ки он як тасодуфу адами тайёрии кофӣ, ё худ "форма" буд".Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images