Ду сол аст ки аз Сарафроз хабаре нест

Як сол пеш, дар ҳамин рӯз, Эҳсон Одинаев маъруф ба Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ, нопадид гашт ва ба гуфтаи наздиконаш, ӯро рабуда буданд ва то ба ҳол ҳеч иттилое аз сарнавишти ӯ маълум нашудааст.

Ба гузориши Востокнюз, як сол пеш, дар ҳамин рӯз, Эҳсон Одинаев маъруф ба Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ, нопадид гашт ва ба гуфтаи наздиконаш, ӯро рабуда буданд ва то ба ҳол ҳеч иттилое аз сарнавишти ӯ маълум нашудааст.Эҳсон Одинаев, зодаи деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав буда, 25 сол дорад ва аз соли 2007 бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард. Бо он ки Эҳсон Одинаев мактаби миёнаро то синфи 9 хондааст, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва бо нерӯҳои мухолифон ҳамкорӣ дошт. Одинаев дар фазои маҷозӣ бо номи мустаъори “Сарфарози Оламафрӯз” маъруф буд.

general.images