Ду китоби дигар дар бораи “дастовардҳои” Раҳмон ба чоп расид

Ин китобҳо «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: эҳёи давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ” ва “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика” мебошанд, ки ба тозагӣ дар Душанбе нашр шудаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ду китоби дигар дар бораи “дастовардҳои” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат ба нашр расидаанд. Ин китобҳо «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: эҳёи давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ” ва “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика” мебошанд, ки ба тозагӣ дар Душанбе нашр шудаанд.Муаллифи китоби «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: эҳёи давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ” Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ ва собиқ сухангӯйи Президенти Тоҷикистон мебошад. Дар ин китоб ба таври муфассал аз дастовардҳои Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ гуфта мешавад ва муаллиф тамоми онро ҳосили талошҳои Эмомалӣ Раҳмон донистааст.Муаллифи китоби дувумро хабаргузории давлатии “Ховар” номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Назарзода муаррифӣ кардааст. Китоби Назарзода бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба табъ расида, муаллиф онро “Тафсири сиёсати энергетикии Пешвои миллат” номидааст.  

general.images