Душанбе дар миёни ду қудрат - Эрон ва Арабистон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, имрӯзҳо пурсишу посухҳоеро мабнӣ бар идомаи интихоб ва масири Тоҷикистон дар робита бо танише

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, имрӯзҳо пурсишу посухҳоеро мабнӣ бар идомаи интихоб ва масири Тоҷикистон дар робита бо танише, ки миёни ду қудрати ҷаҳони ислом, Эрон ва Арабистон бавуҷуд омада, матраҳ намуда, ин суолро ба миён овардаанд, ки оё Тоҷикистон дар идомаи ин танишҳо бо кадоме аз ин ду қудрат хоҳад монд.

Чанде пеш, пойгоҳи Озодӣ чунин суолеро матраҳ намуда буд, ки дар паи он, корбарони интернетӣ, назароти худро дар ин пойгоҳ ва пойгоҳҳои дигар, иброз доштаанд, ки ба чанд намуна аз он ишора хоҳем дошт.

Яке аз корбарон бо дар назардошти манофеи иқтисодӣ, ба ин матлаб таъкид намудааст, ки Арабистони Саудӣ метавонад барои сохтмони Роғун ба кишвари мо кӯмакрасонӣ намояд ва бинобар ин, наздикӣ бо ин кишвар бар нафъи мо хоҳад буд.

Корбари дигаре низ гуфта, Арабистон ва Эрон ҳар кадом фақат ба манфиатҳои худ менадешанд, мо бояд ба нируи худ такя дошта бошем ва бо иттико ба худамон барои пешравии кишвар ва миллатамон талош намоем.

Бархе дигар, сиёсатҳои Русияро, ки шарики стротежики Тоҷикистон мебошад, фаромӯш насохта ва зикр намудаанд, Эрон ва Русия дар паи ободонии кишвари мо нестанд, мо бояд дар паи дӯсти беғараз бигардем, аммо ба мисдоқи “дӯсти беғараз” ишорае нашудааст.

Корбари дигаре зимни ибрози назароти хеш гуфтааст, “Эрон кишварест, ки бо мо аз назари забону фарҳангу торих, дорои муштаркоти зиёде мебошад”. Ин корбар бо “риштаи тиллоӣ” донистани ин матлаб идома додааст, “ягон омили номатлубе нметавонад ба ин риштаи тиллоӣ осеб расонад”.

Вай ба нақши ду кишвари Эрон ва Арабистон дар минтақа ишора намуда гуфтааст, “Эрон ва Арабистон кишварҳои калидии минтақа мебошанд, аммо саудиҳо дастнишондаи Амрико буда ва ба таври мустақил қодир ба пеш бурдани сиёсатҳои хеш нестанд. Дар бештарин бесуботиҳои минтақа ҳамин саудиҳо нақш доранд” - навиштааст ин корбар ва дар идома гуфтааст, “аммо Эрон кишваре дӯст ва аз назари стротежик бо кишвари мо аҳдофи воҳид дорад”. Ин корбари интернетӣ ба нақши Русия низ ишора намуда гуфтааст, “Русия кишварест, ки суботи Ховари Миёна ба ҳузури он вобаста мебошад”.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images