Духтури тоҷик: То ба ҳол беш аз 1500 нафар аз корона фавтидаанд, ҳукумат оморҳои дурӯғ медиҳад

Ба Востокнюз духтури муҳимме ки вазифаи калидӣ дорад, хабар дод, то ба ҳол беш аз 1500 нафар аз коронавирус фавтидаанд, дар ҳоле ки режими Раҳмон омори онро бардурӯғ эълом карда, ҳақиқатро аз мардум пинҳон намуда, омори фавтшудагонро 50-60 нафар гуфтаанд.

Ин духтур ҳамчунон мегӯяд: Шумо бибинед, чаро ҳукумат фавтшудагонро дар рӯз не, балки шабона мебаранд. Яъне дар рӯз ягон мурдаро ба соҳибонаш ё ба партовгоҳи қабристонӣ партофтан анҷом намедиҳанд.

Сабаби инки режими Раҳмон фақат шабона мурдаҳоро ҷобаҷо мекунанд ин аст, ки фаровонии мурда мардумро ба ваҳшат андохта, алайҳи дурӯғи ошкори Эмомалӣ Раҳмон қиём мекунанд. Аз тарси инки мардум қиём накунанд, режими Раҳмон шабона мурдаҳоро бурда дастаҷамъона дар партовгоҳ, ки партовро дар он мепартоянд, партофта мемонанд ва ҳатто барои бештари аз соҳибмурдаҳо, мурдаро ба баҳонаи коронавирус доштан намедиҳанд.

Сиддиқи Акбар

general.images